Нашрияи Омӯзгор

Тарбия дар рӯҳияи хештаншиносӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба соҳаи маориф боз ҳам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «мо дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодаем».

Президенти кишвар дар Паёмашон, ҳамчунин, таъкид карданд. “Мо бояд забони шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст бидорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳо ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон бирасем”.

Ман ҳамчун омӯзгор аз ин гуфтаҳои Президенти кишварамон   илҳоми тоза гирифта, кӯшиш мекунам ҳамаи кӯшишамро ба он равона намоям, ки шогирдонамро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ доштан тарбия намоям. Рисолати муаллим тарбияи ҳадафмандонаи толибилмон мебошад ва мардум дар симои муаллим тарбиятгару омӯзандаву  мушкилкушои худро мебинанд. Муаллим, воқеан, меъмори рӯҳи инсон аст ва танҳо ӯ метавонад дар радифи падару модар ба насли наврас тарбияи шоиставу нек бидиҳад. Барои ба номи муаллими ҳақиқӣ сазовор гаштан ҳамеша аз пайи омӯзиш будан лозим мебошад, зеро дили кӯдаконро ёфтан хеле мушкил аст ва муаллиме, ки мехоҳад дили онҳоро ба даст оварад, бояд дили худро ба кӯдакон ҳадя кунад.

Маълум, ки зинаи аввали тарбияи кӯдак аз оила оғоз меёбад. Яъне оила мактаби нахустини кӯдак маҳсуб меёбад, агар дар оила кӯдак тарбияи хуб нагирифта бошад, барои тарбияи ӯ дар мактаб муаллим сахт азоб мекашад.

Ман муаллими забон ва адабиёт мебошам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки шогирдонам саводноку закӣ бошанд, аз шеърҳои шаҳдбори шуарои классикӣ то муосир барояшон  қироат мекунам ва барои  он ки  дар зеҳнашон нақш бандад, супориш медиҳам, ки пораҳои шеърӣ азёд  кунанд, зеро дар айёми кӯдакӣ неруи хотираашон хеле хуб аст. Чун шеър  заминае барои тарбия зеҳниву маънавии шогирдон мебошад, ҳатман дар ин ҷода мехоҳам, ки шогирдонам  дар оянда шеърдону сухандону суханпарвар бошанд.

Ман ҳамвора кӯшиш мекунам, ки  шогирдонамро  чун машъалафрӯзони роҳи ростиву хештаншиносӣ ва  чун ватанхоҳони асилу хештаншинос тарбия намоям. Бовар дорам, ки заҳматҳову ранҷҳои кашидаи мо - муаллимон ва тарбияи дурусту ҳадафраси мо  барабас намераванд, зеро шогирдони мактаб низ дарк намудаанд, ки ҳама инсонҳои бузург аз мактаби муаллим гузаштаанд ва то ба бузургӣ расиданашон аз хизмати пурзаҳмати муаллим аст, зеро калиди тамоми мушкилоте ки ба сари инсон меояд, маориф ва донишу хираду маърифат аст. Ва дар ин ҷода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун раҳнамову раҳкушову ҳидоятгари мо хоҳад буд. Пешвои миллат дар Паём гуфтанд: “Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон, ҳомиёни Ватани азизамон эътимоди комил дорем ва ба онҳо ифтихор мекунем”. Мо, омӯзгорон ҳам ба Президенти Ватани соҳибистиқлоламон фахр мекунем.

Президенти кишвар баҳри баланд бардоштани маърифати таърихии мардум интишори васеи  китоби пурарзиши Бобоҷон ғафуров-“Тоҷикон”-ро ба миён гузоштанд ва дастур доданд, ки ин китоб ба дасти ҳар хонавода бирасад. Зеро ин асар манбаи муътамад роҷеъ ба таърихи миллати тоҷик буда, авзои сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷиконро дар марҳилаҳои гуногуни таърих мавриду таҳлилу омӯзиш қарор додааст.

 

Товус Қурбонҷонова,

омӯзгори мактаби рақами 93 - и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш