Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ – талаби замон

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз ба шумор рафта, роҳу усулҳои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина, дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян месозад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омӯзиши он талоши бештар намоянд.

Бо назардошти ин амр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки “ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.

Раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва густариш пайдо кардани усулҳои нави таълим дар макотиби олии кишвар як падидаи тоза дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат афзалиятҳои бештареро дар ин самт касб кардааст. Бояд гуфт, ки дар замони муосир яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ва ба ин восита, омода намудани мутахассисони ҷавони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад.

Дар соли таҳсили 2018-2019 барои бо таҷҳизоти замонавӣ маҷаҳҳазонидани лабораторияҳои замонавӣ дар факултаи физикаю техника, лабораторияи электротехника, лабораторияи электроника, лабораторияи технологияҳои инноватсионӣ, лабораторияи механика, дар факултаи биология – химия лабораторияи тиббӣ-клиникӣ, лабораторияи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот, дар факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ лабораторияи системаҳои коммуникатсионӣ, дар факултаи молия ва иқтисоди бозор утоқи таълимии иқтисодиёти ҷаҳон, дар факултаи педагогӣ лабораторияи инкишофи барвақтии кӯдак, дар факултаи геоэкология лабораторияи ташхисгоҳи экологӣ ва дар факултаи санъати тасвирӣ ва технология устохонаи кандакорӣ таъсис дода шудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар самти илмҳои дақиқ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Агарчи дар соли 2017 3 нафар унвонҷӯи фанҳои дақиқ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда бошанд, дар соли 2018 ин теъдод ба 9 нафар расид. Яъне, аз 16%-и соли 2017 дар соли 2018 ба 29% расонида шуд, ки 13% зиёд мебошад. Боиси қаноатмандист, ки дар соли 2019 як нафар устоди донишгоҳ рисолаи докториро дар самти илмҳои дақиқ дифоъ намуд.

Боиси тазаккур аст, ки таваҷҷуҳи довталабони зинаи магистратура ва докторантураи PhD ба ихтисосҳои равияи фанҳои дақиқ ва тиббию риёзӣ бештар гардидааст, ки ин аз беҳтар гардидани вазъи таълими фанҳои дақиқ ва бештар гардидани базаи моддӣ-техникӣ, таъсиси лабораторияҳои замонавии тахассусӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар парки технологӣ дар асоси шартнома бо Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияи нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия то марҳалаи ҳисоботӣ рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои электрофизикии дигаргунсозакҳои энергияи офтоб ва гармӣ дар асоси кремнии поликристаллии дубора” ба миён омада, аз рӯйи мавзӯъҳои “Коркарди технологияҳои инноватсионии ҳосил кардани энергияи гармӣ ва электрикӣ бо истифодаи нури офтоб ва маводҳои таркибии махсус» ва “Рушди соҳаи энергетикаи барқии офтобӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ” 2 нафар докторант тадқиқот бурда истодаанд.

Таҷдид ва бо техникаю технологияҳои нави муосир муҷаҳҳаз намудани лабораторияи механикаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултаи физика ва техника, инчунин, фароҳам сохтани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба рушди фанҳои дақиқ аз дастури супоришҳои Пешвои муаззами миллат маншаъ мегирад.

Дар ин радиф, метавон аз дастовардҳои назарраси донишҷӯёни факултаи физика ва техникаи донишгоҳ дар соли ҷорӣ истиқбол намуд. Масалан, дар Олимпиадаи байналхалқии Донишгоҳии муштараки илмҳои математикии Ҷумҳуриҳои Беларусу Россия, ки дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз рӯйи ихтисоси математика доир гардид, аспиранти соли сеюми факултаи математика - Достонҷон Баротов ҷойи дуюмро касб намуд. Ҳамчунин, донишҷӯён донишгоҳ дар олимпиадаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкати муваффақона дошта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси физика Гулбаҳор Умарова аз фанни астрономия сазовори ҷои сеюм, донишҷӯи курси сеюм Шоҳмурод Шодиев аз фанни физика сазовори ҷои дуюм шуданд. Ҳамчунин, Шоҳмурод Шодиев дар олимпиадаи донишҷӯёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни физика иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардид.

Донишҷӯи соли сеюми факултаи физикаю техника Шоҳмурод Шодиев ба гирифтани Стипендияи Президентӣ, докторант Фирӯза Мирзоқобилова, магистрант Алишер Бердимуродов ва донишҷӯ Умед Дилшодзода ба гирифтани стипендияи раиси вилоят шарафёб гардиданд.

Ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар донишгоҳ хеле назаррас буда, устодони мо соҳиби зиёда аз 40 патент мебошанд. Дар ҳамин замина, метавон таъкид дошт, ки академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Масаид Шерматов, узви вобастаи ҳамин академия дотсент Мамадҷон Маҳмудов, дотсентон Саидқаҳҳор Ёқубов, Рустамҷон Валиев ва дигар устодону донишҷӯён дар ихтироъкориву навовариҳои соҳаҳои физика ва техника ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд.

 

Ҷамшед Ҷӯразода,

ректори Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

доктори илмҳои

таърих,  профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш