Нашрияи Омӯзгор

Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» ҷамъбаст гардид

Сана: 2020-01-10        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

10-уми январи соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илм маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2019» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, мутахассиси шуъбаи байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Розиқ Содиқзода, ҳайати ҳакамон, намояндагони ВАО, ҳайати кумитаи тадорукот ва довталабони озмун иштирок намуданд.

Латофат Назирӣ зимни суханронии хеш қайд кард, ки сатҳи омодагии довталабони сабқат сол ба сол баланд гардида истодааст. Хусусан, иштироки фаъолонаи мутахассисони ҷавони бахши таҳсилоти томактабӣ бозгўи он аст, ки ба ин соҳа ҷавонони воқеан донишманду ҳирфаӣ ҷалб гардида истодаанд. Яъне, бо итминони комил метавон гуфт, ки мураббиёни насли истиқлол ба майдони таълиму  тарбияи кўдакон гом ниҳодаву аллакай ба муваффақияту комёбиҳо даст ёфтаанд, ки инро мо зимни баргузории даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол-2019» мушоҳида кардем.

Сипас, ғолибони озмун эълон гардиданд. Ҷойи аввал аз намояндагони марказҳои инкишофи кўдак насиби мураббии Маркази инкишофи барвақтии кўдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ҳангома Атомамадова гардид. Аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ мураббии кўдакистони №15-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Розия Нурматова ва мураббии кўдакистони №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова созовори ҷойи аввал гардиданд. Мураббии кўдакистони №1-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ойтилло Тағоева ҷойи дувум ва мураббии кўдакистони №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба ҳамаи ғолибон роҳхат ба истироҳатгоҳҳои кишвар супурда шуд.

(Гузориши муфассали озмун дар нашрияи “Омўзгор”-и Вазорати маориф ва илм нашр мешавад.)

Дилафрўз Қурбонӣ,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш