Нашрияи Омӯзгор

Дар иҷрои барномаҳои давлатӣ таъхир нашояд

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

11 январи соли равон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он натиҷаи фаъолияти вазорат дар соли 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини якуми вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони зерсохторҳои вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳоиштирок карданд.

Вазири маориф ва илм  Нуриддин Саид доир  ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 маълумот дода, зикр намуд, ки рушди ҳар як ҷомеа ба низоми илму маорифи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва маърифатнокии аҳли ҷомеа мондагории ҳар як мамлакатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният таъмин менамояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми сиёсати созандаи худ ба бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ояндасозони кишвар шароити беҳтари омӯзиш ва андӯхтани илму донишро муҳайё месозанд. Дар ин маврид Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр намуданд: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд». Ҳамзамон, Пешвои миллат моро вазифадор карданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр ва наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ раҳнамоӣ карда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиию риёзӣ ва дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ  мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

- Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа буда,  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам дастгирӣ меёбад.  Вазорати маориф ва илм ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, роҳҳои гуногуни фарогирии бештари кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ пешниҳод менамояд, ки ин ба тадриҷан зиёд шудани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон мусоидат мекунад. Ҳамин аст, ки теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 662  ва шумораи тарбиятгирандагон ба 102 175 нафар расид, ки дар муқоиса бо соли 2018  26 муассиса ва 5597 нафар кӯдак зиёд мебошад. Агар дар соли 2018  1697 маркази инкишофи кӯдак  бо фарогирии 46 360 нафар кӯдак фаъолият карда бошад, ин шумора дар соли 2019 ба 1771  расид, ки дар онҳо 49 721 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд, - зикр намуд вазири маориф ва илм. – Дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар давоми солҳои 2014-2019 бояд 859 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ 168 муассисаи томактабии хусусӣ ва марказҳои хусусии инкишофи кӯдак бо фарогирии 9234 нафар фаъолият менамояд, ки ҳамагӣ 19,6 фоизи иҷрои барномаро таъмин месозад. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд ҷиҳати иҷрои талаботи барномаҳои мазкур  тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Мушкилоти дигари зинаи таҳсилоти томактабӣ нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, талабот ба мизу курсӣ ва рахти хоб, таҷҳизоти варзишӣ, адабиёти бачагона, бозича ва асбобҳои аёнӣ боқӣ мондааст. Бинобар ин, ба сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта чораҳо андешанд.

Дар идома Н. Саид таъкид дошт, ки соли 2019 теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба  3884  адад расид. Аз ин теъдод 315  ибтидоӣ, 442  умумии асосӣ ва 3127  миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамчунин, теъдоди муассисаҳои типи нав ба 146 - то расид, ки аз ин теъдод 75  гимназия ва 71 литсей аст. Дар ҷумҳурӣ 64 мактаб-интернат фаъолият  менамояд, ки дар онҳо дар соли таҳсили 2019-2020   8275 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо вуҷуди фароҳам сохтани шароити мусоид барои хонандагони муассисаҳои мазкур сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо беҳбудӣ мехоҳад.  Роҳбарони ин муассисаҳо   фориғболӣ зоҳир намуда, ҷиҳати беҳдошти сифати таълим ва ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои судманд намеандешанд.

Нуриддин Саид қайд кард, ки бо мақсади тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» харидории 2139 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шудааст.  Талаботи барнома танҳо дар шаҳри Душанбе ва қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иҷро гардидааст. Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати доимии вазорат қарор дорад.Тибқи талаботи нақшаи барномаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бояд дар 5 сол 52017 адад компютер харидорӣ намоянд. Нақшаи харидории компютер дар соли 2019 10387 адад буда, то ин дам 3378 адад компютер харидорӣ шудааст, ки он 32,5% иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Миқдори видеопроекторҳо дар соли 2019 ба 3046 адад расид. Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои барномаи мазкур дар баробари таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи иттилоотӣ, истифодаи он аз ҷониби омӯзгорон дар раванди таҳсил мебошад. Мутаассифона, дар аксари муассисаҳои таълимии кишвар омӯзгорон одитарин амалро тавассути технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ иҷро карда наметавонанд.

Тибқи талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар 5 соли татбиқи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 432 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ сохта ба истифода дода мешуд. Мутаассифона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, дар шаҳри  Душанбе 6,  вилоятҳои Хатлон 1,  Суғд 8 ва  шаҳрҳои Ҳисор 1, Турсунзода 1 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамагӣ 4,2%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Дар ВМКБ то имрӯз ягон муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода нашудааст.

Рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин замина, бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ ҳамасола аз хонандагон пурсиши тестӣ ва корҳои хаттӣ гирифта мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти таълиму тадриси забонҳои русӣ ва англисӣ мушкилоти зиёде ба назар мерасад. Моро зарур аст, ки усули тадриси фанҳои мазкурро таҷдиди назар намуда, бештар ба таълими матнӣ гузарем. 

Муҳимият ва зарурияти барномаи мазкурро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» -ро ба тасвиб расонд, ки амалишавии он аз соли 2021 оғоз мегардад.

Ҷиҳати аз курсҳои омӯзишии муносибати босалоҳият ба таълим гузаронидани омӯзгорони фанҳои забонӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1 як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.  Дар ин самт модулҳои таълимӣ таҳия ва ба теъдоди 18 ҳазор нусха бо се забон нашр ва ройгон дастраси омӯзгорон карда шуд. Айни замон омодагиҳо барои аз курсҳои омӯзишӣ гузаронидани омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ оғоз ёфт. Ҳамзамон, 216 озмоишгоҳи таълимии муосир аз фанҳои физика, химия ва биология бо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ харидорӣ шуд, ки ин имкон медиҳад дар тамоми ҷумҳурӣ марказҳои такягоҳии таълимии фанҳои мазкур муҷаҳҳаз гардонида шавад.

Соли 2019 барои таъмини бештари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо адабиёти бадеии кӯдакона корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Дар ин робита, 84 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 614 900 нусха ба табъ расид.

Барои амалишавии «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии амалӣ намудани  технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»  ва “Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” як зумра корҳои назаррас ба роҳ монда шуданд. 

Баҳри амалишавии барномаҳои мазкур то имрӯз теъдоди умумии компютер дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 68296 адад,  принтер 11242 адад, проектор  3302 адад ва тахтаҳои электронӣ 2510 адад расид.

Илова бар ин, дар давраи таътили тирамоҳӣ 4045 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта шуд.

Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Нуробод, Рашт, Шаҳристон, Зафаробод ва шаҳри Роғун курсҳои омӯзишӣ пурра ва мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашудааст.

Дар идома вазири маориф ва илм зикр намуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла, 1 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ аз рӯи 97 ихтисос касбҳои коргарӣ омода менамояд. Дар муассисаҳои мазкур ба 23 358 нафар хонанда 2 508 нафар омӯзгору устои таълимию истеҳсолӣ дарс мегӯянд. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нақшаи қабули хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ (14 660 нафар) – 93,3% иҷро шудааст.

Мушкилоти асосии муассисаҳои мазкур норасоии адабиёти таълимӣ мебошад. Ҳангоми санҷиши вазъи таъминот бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ маълум гардид, ки аз 59 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии санҷидашуда танҳо 34 муассиса 58 фоиз бо китоби таълимию бадеӣ таъминанд.

Бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати  баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ гузаронида шуд. Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки аксари  иштирокчиён танҳо ба хотири иштирок ба озмун сафарбар гардидаанд. Далели ин гуфтаҳо соҳиби ягон хол нашудани баъзе аз довталабон буд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 25725 нафар (79,5%) донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Бо назардошти эълон шудани ҳадафи чоруми стратегии миллии ҷумҳурӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин, гузаштан аз кишвари аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ, ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ бунёд гардидани садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ, зарурати тайёр кардани мутахассисони равияи техникӣ ва технологӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба миён омадааст.

Дар ҷумҳурӣ коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом, коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод, коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ фаъолият менамоянд, ки асосан мутахассисони зинаи миёнаи касбии соҳаи иқтисодиро омода менамоянд.

Иҷрои корҳои озмоишӣ ва лаборатории хонандагон ва донишҷӯён маҳаки асосии низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буда, он бо мақсади пайванди донишҳои назариявӣ дар амалия ба роҳ монда мешавад. Мутаассифона, дар аксари муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои фаннӣ ва тахассусӣ намерасанд ва агар бошанд ҳам, дуруст фаъолият намекунанд.

Ҳолати иҷрои корҳои озмоишӣ ва лабораторӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ собит месозад, ки корҳои мазкур аз сабаби набудани шароит мутобиқи талаботи барномаи таълимӣ пурра ва бо сифат иҷро намегарданд.

Таъминоти озмоишгоҳҳои таълимӣ бо асбобу таҷҳизоти нави мутобиқ ба замони муосир ва пешрафти илму техника, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи замони муосир ва дар сатҳи зарурӣ ҷавобгӯ нест. Дар ин росто, зарурати таҳкими тадриҷии пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сифати иҷрои корҳои лабораторӣ ва ворид намудани маводи зарурӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ вазифаи муҳимтарини муассисаи таълимӣ мебошад.

Ҳоло ҳам аксарияти ҳайати профессураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ҷурми набудани видеопроекторҳо ва тахтаҳои электронӣ ва ба сабаби надоштани малакаю маҳорати истифодаи технологияи мазкур лексияҳои худро дар сатҳи зарурӣ намоиш дода наметавонанд. Ин амал, албатта, беэътиноӣ нисбат ба технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ, неруи инсонӣ ва зоеъ кардани вақт ва замон мебошад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила, ғанӣ гардонидани неруи зеҳнии кишвар дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва рейтинги байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Созишнома бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон то имрӯз се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарз ва ҳуқуқшиносӣ) ва се ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (кори табобатӣ, стоматология ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуданд. Дар баробари ин, барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ рафта истодаанд.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”  барои таҷдид, мувофиқнамоии стандарту барномаҳои таълимӣ ва масъалаҳои аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо Донишгоҳи ТАРТУ ва Оҷонсии Аврупоӣ EKKA созишномаҳо баста шуд. Дар ин росто, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таври пилотӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида мешаванд.

Дар баробари ин, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо 30 донишгоҳи пешрафтаи ҷаҳон, ки аз ҷиҳати сифати таҳсилот ва навоварӣ рейтингҳои баландтаринро соҳибанд, ҳамкориҳои тарафайнро ба роҳ монданд, ки дар ин замина тамоми барномаҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида мешаванд, – қайд кард вазир.

Дар идома, инчунин, вазири маориф ва илм вазъи омода кардани кадрҳои илмӣ,  таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ,  таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии кишвар,  фарогирии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, нашрияҳои соҳаи маориф, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва дигар зерсохторҳои вазоратро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар музокира сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ намуда, фаъолияти Вазорати маориф ва илмро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода аз иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои маориф ва илм, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст, ёдовар гардид. ҳамчунин, мавсуф таъкид кард, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ бояд масъулин ҳамвора талош намоянд.

Дар  анҷом  оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 қарори дахлдор қабул гардид.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш