Нашрияи Омӯзгор

Қаламкаши моҳир ва инсони соҳибдил

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Зайниддин Муҳиддинов пас аз хатми  мактаби олӣ дар мактаби рақами 80 (ҳоло №37) – и ноҳияи Рӯдакӣ ба сифати сарпешоҳанг ба кор қабул гардид. Минбаъд пурра ба кори омӯзгорӣ гузашт. Бо назардошти таҷриба ва фаъолияти пурсамараш директори  мактаби мазкур  интихоб гардид. Дар баробари ин, оид ба мушкилоти соҳаи  маориф ва роҳҳои ҳалли он мақолаҳои пурмуҳтаво, ҳадафманду хонданӣ иншо намуда, бо рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқат» (ҳоло «Насими айём») ҳамкории доимӣ ба роҳ монд. Ин буд, ки ӯро барои кор ба идораи рӯзнома даъват карданд. Аввал дар вазифаҳои мухбир, мудири шуъба ва муовини сардабир кор кард. Ниҳоят, сармуҳаррир таъ-ин гардид. Бештар аз даҳ сол дар ин вазифа фаъолият дошт…

Риштаи умраш ба таври фоҷиавӣ соли 1995 дар 45 – солагӣ канда гардид. Агар вай имрӯз бо мо мебуд, 70 – сола мешуд. Кору фаъолияти пурсамараш ӯро дар байни пайвандону дӯстон ва онҳое, ки ин инсони наҷибро мешинохтанд, зинда нигоҳ медорад. Ёдаш ба хайр!

 

«Омӯзгор»      


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш