Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷумҳурии соҳибис-тиқлоли Тоҷикистон ба тарбияи насли олимони даврони истиқлолият бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои пешқадаму инноватсионии онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар буда, олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла, осори таърихиву адабии мероси гаронбаҳои гузаштагонамонро ба насли нав-рас, хусусан, ба толибилмони имрӯза самаранок омӯзонем.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барнома қабул ва амалӣ гардонида шуд.
Риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба боло рафтани мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо мусоидат мекунанд.
Имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан душвор аст.
Эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои милливу давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд асос ва ҷавҳари тарбияи ватандӯстиву худогоҳии ҷавононро ташкил намояд. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд.
Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмин намудани самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ фарҳангиён ва умуман, аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.
Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар самти қабули довталабон ба макотиби олӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон бахши муҳими чорабиниҳои соҳаи маорифро ташкил медиҳад.
Мо, устодон, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, муҳаббат ба илму дониш ва забономӯзиро маҳаки асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорони ҷавон саъю кӯшиш менамоем.
Манзура Холова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр