Нашрияи Омӯзгор

Ақли солимро ба кор барем

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Ҷойи баҳс нест, ки технология ва пешрафти он ба ҳаёти имрӯзаи ҷомеа дигаргуниҳои зиёде ворид намуд. Шабакаи байналмилалии интернет айни замон махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст.

Ҳар шахс метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз сомонаҳои  интернетӣ ҳар маълумотеро пайдо намояд. Донистани технология хуб аст, вале… Омиле, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаву нигарон сохтааст, нодуруст ва ғайримақсаднок истифода бурдани технологияи муосир, хоса интернет мебошад.  Машғул шудан ба бозиҳои гуногуни таъсири манфидошта, ворид шудан ба ҳар гуна сомонаҳои интернетии тарғибкунандаи фаҳш, зӯроварӣ, куштору ғоратгарӣ ва дигар хислатҳои нопок аз мушкилоте ба шумор мераванд, ки барои пешгирии онҳо муборизаи дастҷамъона зарур аст.

Мутаассифона, баъзе аз ҷавонону наврасон тавассути интернет корҳоеро анҷом медиҳанд, ки барояшон ба ҷузъ таъсири бад чизе намедиҳад. Ин гуна барномаҳо зиёданд: Skupe, vibep, Watsapp, facbook, одноклассник, агент ва ғайра. Дар ин гуна воситаҳои муошират, хоса саҳифаҳои ҷавонон бештар таҳқиру ҳақорат хонда мешавад. Дар тасмаи баъзеи онҳо, ки ному насабашон оварда нашудааст, баръакс, дар ҷойи ном калимаву ибораҳои Ношинос, Беном, Беватан ва ғайра оварда шуда,  калимаҳое навишта мешавад, ки ҳангоми хондан шарми кас меояд. Ин ҷо масъулини сомона ва дигар сайтҳои иҷтимоӣ низ бояд масъулият эҳсос намоянд ва  барои роҳ наёфтани чунин нафарон ба ин ё он саҳифа чораҳо андешанд.

Ҳама медонем, ки интернет манфиати зиёд дорад. Танҳо  фоидаи  онро аз зарараш фарқ карда тавонистан даркор. Онро барои манфиатҳои шахсӣ, миллӣ ва мардум истифода бояд бурд. Тавассути он доир ба тиҷорат, саёҳат, илму фарҳанг, сиёсат ва даҳҳо намуди амалҳои неки инсонӣ маълумот гирифтан мумкин аст. Дар истифодаи сайтҳои интернетӣ мо, ҷавонон,  бояд ақли солимро ба кор барем ва андешаро муқаддимаи фаъолияти худ қарор диҳем. Волидайнро  низ зарур аст, ки дар баробари таъмини интернет ба фарзанди худ истифодаи мақсадноки онро низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Гарчи манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо  пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақадноки он бошем.  

Таҳмина ГУЛАКОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш