Нашрияи Омӯзгор

Парваришгоҳи Сойи Вота таҳқиқи комил мехоҳад

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 849        Шарҳ: 0

 

Беназирии табиати кӯҳсор, бахусус, гуногуншаклии флораи он солҳои зиёдест, ки таваҷҷуҳи тадқиқотчиёни сершуморро ҷалб намудааст. Ба таври маъмул, дар ин маҳалҳо растаниҳои гуногун ба монанди зирк, чук-ри, бодом, марминҷон ва ғайра мерӯянд. Хотиррасон бояд кард,ки ибтидои фасли баҳор вақте ки хоки мавзеи кӯҳсор намии муътадил дорад, як гурӯҳ намояндагони набототи эфемерию  эфемероидӣ нумӯъ мекунанд.

Ҳудуди  парваришгоҳ барои нигоҳ доштани генофонди ин мавзеъ шароити муътадил дорад. Бинобар ин, таҳқиқи ин масъала на танҳо қимати назариявӣ, инчунин, аҳамияти калони илмию амалӣ дорад. Ба таври ҳаматарафа ва мунтазам таҳқиқ шудани флораи парваришгоҳҳо аз солҳои пешин оғоз ёфтааст. Ба табиати парваришгоҳи Сойи Вотаи водии Зарафшон олами набототи  он шукӯҳи нотакрор мебахшад.

Парваришгоҳи Сойи Вота соли 1970 бо мақсади нигоҳдорӣ ва вусъатбахши арчазор дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон ташкил шуда буд. Бояд таъкид кард, ки ин парваришгоҳ ба таври бояду шояд вазифаи худро иҷро накарда истодааст. То ҳол наботот, флора ва фаунаи парваришгоҳҳои ҷумҳурӣ пурра таҳқиқ нашудаанд ва аз ин лиҳоз, парваришгоҳи  Сойи Вота истисно нест. Дар парваришгоҳи Сойи Вота ба ғайр аз арча, ки мардуми маҳалли водии Зарафшон бурс мегӯянд, бутта, нимбутта ва алафҳои яксола ва бисёрсолаи гуногун рушду нумӯъ мекунанд. Дар натиҷаи таҳқиқотҳои мутахассисон вобаста ба флораи парваришгоҳи Сойи Вота маълум гашт, ки растаниҳои дарахтию буттагӣ ин ҷо 28 намуданд. Растаниҳои дарахтию буттагии таҳқиқшуда ба 9 оила ва 18 авлод тааллуқ доранд. Оилаи аз ҳама калонтарин оилаи Rosaceae мебошад, ки ҳам аз шумораи намудҳо (25) ва ҳам авлодҳо (9) бартарии комил дорад.

Маълум шуд, ки дар парваришгоҳи Сойи Вота 14 намуд дарахт ва 14 намуд бутта мерӯянд. Намудҳои васеъ паҳншудаи ин мавзеъ инҳоянд: арчаи зарафшонӣ (Juniperus seravshanica Kem.), туғи (доғи) қафқозӣ (Celtis caucasica Willd), бодоми бухорӣ (Amygdalus buchauica Korsh.), вағниҷи (гирда) озахмонанд (Cerasus verrucosa (Franch.)  Nevski ).

Намудҳои нодир ва камёфти парваришгоҳ ноки Регел (Pyrus reglii ( Regel et Schmalh.), қоти сиёҳ (Ribes meyeri Maxim.), пис-та (Pistaceae vera L. ) ба ҳисоб мераванд.

Нигаҳдорӣ ва барқарор намудани ин намудҳои нодиру камёфт аз тарафи олимон ва мутахассисон вазифаи таъхирнопазир мебошад.

 

Лайло Машрабова,

омӯзгори биологияи

мактаби рақами 54

ба номи Лоиқ Шералӣ,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш