Нашрияи Омӯзгор

Дастуре навин барои омӯзгорон

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Фаъолияти омӯзгорон бо китоб пайванди ҳамешагӣ дорад ва китоб яке аз воситаҳои асосии самаранокию тақвияти фаъолияти омӯзгорон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, нашри ҳар китоби навро, пеш аз ҳама, омӯзгорон гарм истиқбол мегиранду аз пайи дастрас кардану мутолиааш мешаванд. Омӯзгорон бештар ба китобҳои методӣ ниёз доранд, зеро аз ин гуна китобҳо шеваи тозаи фаъолият меомӯзанд, маҳорати педагогии худро такмил мебахшанд ва дарсҳояшонро рангинтару самаровартару ҷолиб месозанд. Хушбахтона, солҳои охир бо ибтикори Вазорати маориф ва илм, мактабҳои олӣ, муассисаҳои дахлдори соҳа ва олимону услубшиносони алоҳида китобҳои дастурию методӣ ҳар чӣ бештар ба нашр мерасанд, ки ин боиси қаноатмандии доираи васеи омӯзгорони кишвар мебошад. Чанде пеш аҳли маориф боз як китоби тозаи методиеро рӯи даст оварданд, ки «Набзи рӯҳи замон дар таълиму тадрис» ном дораду мансуб ба қалами яке аз омӯзгорони фаъолу соҳибтаҷрибаи кишвар, устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ, услубшинос (методист) Ҳотам Саидов мебошад. Ин китоби бузургҳаҷм аз чор боб – «Таълими зарф дар синфи VII», «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мактаб», «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ дар синфи IX», “Усули таълими зиндагиномаи Миробид Сайидои Насафӣ дар синфи Х” иборат аст. Моҳияту аҳамияти ин китоб барои омӯзгорони забону адабиёти тоҷик худ аз номгӯи мазкури мавзӯъҳояш равшан дарк мешавад. Муаллиф ба масоили умдаи методӣ дахл карда, кӯшидааст, ки омӯзгорон аз қолабҳои умумию чаҳорчӯбаи маъмули таълиму тадрис берун оянд ва дарсҳои забону адабиётро дар сатҳи баланд, дар заминаи навоварию эҷодкорӣ, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва бо корбасти технологияҳои муосир баргузор намоянд. Дар китоб мавзӯъҳои мавриди тавзеҳу баррасӣ хеле васею пурмуҳтаво шарҳ ёфтаанду як силсила дарсҳо ҳамчун намуна тавсиф шудаанд. Муаллимон бо омӯзиши ин тавсифҳо дарсҳои худро такмил мебахшанд ва роҳу равиши таълими хушсифату босамар ва ҷолибро дармеёбад ва барои омодагӣ ба машғулиятҳо бо шогирдон сарчашмаи боэътимод дастрас мекунанд. Муаллифи дар соҳаи таълиму тарбия соҳибтаҷриба, ҳатто, лаҳзаҳои дарсро шарҳ додаву ишора кардааст, ки дар тадриси кадом мавзӯъ чӣ услуберо пайгирӣ кардан мувофиқтар мебошад. Намунаҳои саволномаҳои тестӣ, ки доир ба ҳар мавзӯъ дар китоб оварда шудаанд, аҳамияти хоса доранд ва барои омӯзгорон манбаи хуби омӯзишу корбарианд. Бешубҳа, дар сурати истифодаи эҷодкорона аз китоби мазкур сатҳу сифати фаъолияти омӯзгорони забону адабиёти тоҷик боз ҳам боло хоҳад рафт.

Устод Ҳотам Саидов қаблан ҳам барои омӯзгорон чанд китобу дастури методӣ эҷод кардаву ба нашр расондааст. Ба китоби “Набзи рӯҳи замон дар таълиму тадрис” номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёри Абдураҳим пешсухани фарогиру муҳтавоманд навиштааст.

 

Макнуна Раҳмонова,

 омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш