Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббати устод

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Маҳкамой Алиева омӯзгорест сатхгиру мушфиқ ва бонуест ботамкину хушгуфтор.

Миёни омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 обрӯю эътибори хосса дорад. Ӯ ба шогирдон аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Агар мушкилӣ ё нофаҳмие пеш ояд, ҳатман чун омӯзгори пуртаҷриба аз ӯ маслиҳат мепурсем. Таҷрибаи кориаш боиси омӯзиш ва таҳсин аст. Дарсҳояш пурмуҳтаво буда, ба инсон сабақи зиндагӣ медиҳанд. Чанде пеш ҳамроҳи устодону омӯзгорони ҷавон ва маъмурият ба дарсаш даромадем. Хостем аз таҷриба ва усулу методҳои таълимияш баҳраманд гардем. Мавзӯи дарси ӯ дар синфи 9 «Ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолиддини Балхӣ» буд. Муаллима синфхонаро бо васоити аёнӣ ва китобҳои шоир оро дода буд. Муаллима бо истифода аз тахтаи электронӣ дарсро гузаронид. Дар дарс аз навори тасвирие истифода кард, ки дар он сафарҳои Ҷ.Балхӣ, оромгоҳи ӯ дар шаҳри Қуния ва худи шаҳр нишон дода шуданд. Инчунин, сабти як шеъри шоир дар иҷрои сарояндаи форсизабоне шунавонида шуд. Дарс ба тариқи шарҳи ҳоли шоир, панду андарз, саёҳати шаҳрҳо, зиёрати оромгоҳи шоир, суруду мусиқӣ гузашт. Яъне, дар як дарси адабиёт ҳамбастагии фанҳои таъриху география, риёзиву мусиқӣ дида шуд, ки ин аз маҳорати хуби омӯзгори варзида дарак медиҳад.

Маҳкамой Алиева дорои тахассуси дараҷаи олӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон  мебошад.

Муддати 40 сол аст, ки умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас менамояд. Фарзандон ва ҳамсараш низ омӯзгоранд. Яъне, онҳо як оилаи хушбахти зиёиянд, ки дар ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

М.Маллаева,

омӯзгори мактаби №56, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш