Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқи Осиёи Марказӣ

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Олими номвари рус, ҷуғрофидони варзида Николай Михайлович Пржевальский соли 1867 бо сайёҳ ва олими соҳаи ҷуғрофия П.П.Семёнов вохӯрд. Ин шахси маъруф ба ӯ тавсия медиҳад, ки пеш аз ба Осиёи Марказӣ сафар кардан дар ягон кишвари наздик саёҳат намояд. Аз ин рӯ, Николай Михайлович солҳои 1867-1869 ба кишвари Уссурӣ сафар мекунад ва ин давраи тайёрӣ ба саёҳати Осиёи Марказӣ буд.

Баъдан лоиҳаи сафарҳои Н.М. Пржевалский ба Осиёи  Марказӣ ба Ҷамъияти ҷуғрофии Рус пешниҳод шуда, маъқул дониста мешавад. Н.М. Пржевалский ба Осиёи Марказӣ чаҳор маротиба бо мақсади сафару саёҳат баромадааст. Сафари якум ба Муғулистон (солҳои 1870-1873), саёҳати дуюм ба Лобнор ва Ҷунгария (солҳои 1876-1877), саёҳати сеюм ба Тибет (солҳои 1879-1880), сафари чорум ҳамчун саёҳат (солҳои 1883-1885). Ба ибораи дигар, Н.М. Пржевалский қариб 15 соли ҳаёти  хешро ба таҳқиқи табиати Осиёи Марказӣ бахшидааст, ки тӯли сафарҳояш ба 3155 км мерасад.

Н.М.Пржевалский ба омӯх-тани релефи Осиёи Марказӣ диққати ҷиддӣ дода, нахустин бор қаторкӯҳҳои Олтинтоғ, Бурхан - Будда,

Муҳаққиқи Осиёи Марказӣ

Олими номвари рус, ҷуғрофидони варзида Николай Михайлович Пржевальский соли 1867 бо сайёҳ ва олими соҳаи ҷуғрофия П.П.Семёнов вохӯрд. Ин шахси маъруф ба ӯ тавсия медиҳад, ки пеш аз ба Осиёи Марказӣ сафар кардан дар ягон кишвари наздик саёҳат намояд. Аз ин рӯ, Николай Михайлович солҳои 1867-1869 ба кишвари Уссурӣ сафар мекунад ва ин давраи тайёрӣ ба саёҳати Осиёи Марказӣ буд.

Баъдан лоиҳаи сафарҳои Н.М. Пржевалский ба Осиёи  Марказӣ ба Ҷамъияти ҷуғрофии Рус пешниҳод шуда, маъқул дониста мешавад. Н.М. Пржевалский ба Осиёи Марказӣ чаҳор маротиба бо мақсади сафару саёҳат баромадааст. Сафари якум ба Муғулистон (солҳои 1870-1873), саёҳати дуюм ба Лобнор ва Ҷунгария (солҳои 1876-1877), саёҳати сеюм ба Тибет (солҳои 1879-1880), сафари чорум ҳамчун саёҳат (солҳои 1883-1885). Ба ибораи дигар, Н.М. Пржевалский қариб 15 соли ҳаёти  хешро ба таҳқиқи табиати Осиёи Марказӣ бахшидааст, ки тӯли сафарҳояш ба 3155 км мерасад.

Н.М.Пржевалский ба омӯх-тани релефи Осиёи Марказӣ диққати ҷиддӣ дода, нахустин бор қаторкӯҳҳои Олтинтоғ, Бурхан - Будда, Наншани Ғарбӣ, Тибети Шимолӣ, қисми ғарбии Кунлунро кашф ва ба харита дохил намуд. Вай бисёр қаторкӯҳҳои номаълумро фатҳ кард, ба онҳо номҳои А.Гумболдт, К.Рихтер, Кария, Рус, Москва, Колумб, Марко-Поло ва қаторкӯҳҳои Муамморо ба номи худи сайёҳ номгузорӣ намуданд.

Николай Михайлович дар сароби дарёи Хуанхэ ду кӯли номаълумро таҳқиқ намуд ва якеро кӯли Экспедитсия ва дигареро кӯли Рус  номид. Нақши Н.М.Пржевалский дар омӯзиши флора ва фаунаи  Осиёи Марказӣ назаррас аст. Вай наботот ва ҳайвоноти сарзамини Осиёи Марказиро таҳқиқ намуда, паҳншавӣ, таркиби намудҳо ва муҳити зисти онҳоро ошкор кард.

Н.М. Пржевалский 15 ҳазор номгӯйи набототро гербария намуд, ки он 1700 намуди рустаниҳоро дар бар мегирад. Аз ҷумла, 218 намудашро бори аввал  муайян сохта буд. Николай Михайлович  ба ҷуз табиат ба  таҳқиқи аҳолӣ низ диққати калон додааст.

Манижа ЗАРИФБЕКОВА,

омӯзгори география

Наншани Ғарбӣ, Тибети Шимолӣ, қисми ғарбии Кунлунро кашф ва ба харита дохил намуд. Вай бисёр қаторкӯҳҳои номаълумро фатҳ кард, ба онҳо номҳои А.Гумболдт, К.Рихтер, Кария, Рус, Москва, Колумб, Марко-Поло ва қаторкӯҳҳои Муамморо ба номи худи сайёҳ номгузорӣ намуданд.

Николай Михайлович дар сароби дарёи Хуанхэ ду кӯли номаълумро таҳқиқ намуд ва якеро кӯли Экспедитсия ва дигареро кӯли Рус  номид. Нақши Н.М.Пржевалский дар омӯзиши флора ва фаунаи  Осиёи Марказӣ назаррас аст. Вай наботот ва ҳайвоноти сарзамини Осиёи Марказиро таҳқиқ намуда, паҳншавӣ, таркиби намудҳо ва муҳити зисти онҳоро ошкор кард.

Н.М. Пржевалский 15 ҳазор номгӯйи набототро гербария намуд, ки он 1700 намуди рустаниҳоро дар бар мегирад. Аз ҷумла, 218 намудашро бори аввал  муайян сохта буд. Николай Михайлович  ба ҷуз табиат ба  таҳқиқи аҳолӣ низ диққати калон додааст.

Манижа ЗАРИФБЕКОВА,

омӯзгори география


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш