Нашрияи Омӯзгор

«Хобҳои шери пир»

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Масъалаи ҳифзи табиат ва муносибати дилсӯзона ба олами ҳайвонот аз адабиёти классикии форсу тоҷик маншаъ гирифта, он дар асарҳои баландғояи нависандагони ҷаҳон низ бозтоби бадеии худро ёфтааст. Дар адабиёти муосири тоҷик, ба вижа, дар наср осори зиёде дар ин мавзӯъ эҷод шудаанд. Ҳикояи пурмуҳтавою ҷолиб ва дилангези нависанда,  тарҷумони соҳиблаёқат Бурҳон Салмон – «Хобҳои шери пир» маҳз ба тасвири зиндагии пуршебу фарози шоҳи ҳайвонот - шер бахшида шуда, дар он бо истифода аз монологи ботинӣ ва психологизми амиқ тамоми саҳнаҳои пуразобу мушкил, мураккабу печида  ва пур аз тазоди ҳаёти як ҳайвони безабон, ки аз кадом кишвари африқоӣ иҷборан ба боғи ҳайвонот интиқол дода шудааст, бо маҳорату ҳунари нигорандагӣ бозтоби бадеӣ ёфтааст. Шери  пир, ки умре дар қафаси панҷарабанд боздошта мешавад, бо ҳасрат айёми ҷавонияшро пеши назар меорад, ки чусту чолок буду бо неруи қавии худ сарварии тӯдаи шеронро ба уҳда дошт. Боре одамон аз пасаш таъқибкунон ӯро аз дарахте бар замин фуруд оварда, ба қафаси оҳанин ҷояш карданд ва аз он ба баъд ин султони дашту пуштаву ҷангалҳо ба таври бебозгашт аз озодӣ маҳрум гардид. Инак, вай солҳост, ки дар қафаси боғи ҳайвонот асир асту аз аламу дарди танҳоӣ ва дурию ғурбат аз ватан рӯзашро бо азобҳои сангини рӯҳӣ ба шом мерасонад… Ҳикояти Бурҳон Салмон ҷанбаи фалсафии омӯзанда дошта, дар он ғояи озодӣ ва бебаҳою нодир будани он хотиррасон карда мешавад. Боиси хурсандист, ки ин ҳикоя дар шакли китобчаи алоҳида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва форсӣ ба нашр расидааст ва армуғони хубест барои хонандаи закӣ ва онҳое, ки ба табиат ва ҳайвонот меҳру муҳаббат доранд. Тарҷумаи ҳикоя ба забони русӣ аз ҷониби Мансур Суруш, ба ӯзбекӣ аз тарафи Омонбой Ҷуманов ва англисӣ аз ҷониби Закӣ Бурҳон анҷом дода шудааст. Ба хати форсӣ асарро худи муаллиф баргардон намудааст.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш