Нашрияи Омӯзгор

Комёб бошед

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар тӯли солҳои на чандон тӯлонии фаъолияти омӯзгориам бо шахсони зиёде вохӯрдам, ки ҷонфидои роҳи таълиму тарбия ва сарсупурдаи масири беназири илму маърифат будаанд ва имрӯз низ лаҳзае аз он азму талошҳо, навовариҳо ва фидокориҳо боз наистода, барои саодатмандии насли ҷавону ояндасози миллат заҳмат мекашанд.

Яке аз он нафароне, ки умри азизи хешро дар пайи таълиму тарбияи фарзандони  миллат, дар пешрафти ҳаёти сиёсии халқи шарафманди тоҷик, дар самти муаррифии тоҷикон ҳамчун мардуми донишманду  хирадманд сарф намудааст, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, дорандаи Ифтихорномаи  Раёсати Шӯрои ҶШС Тоҷикистон ва медали  «Астана»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Садулло Неъматов мебошад.

Ин шахсияти шинохта ва равшанзамир 26-уми январи соли 1950 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки сарзамини шоирпарвару пурбаракат аст, дар оилаи шахсони бомаърифат ба дунё омадааст.

Устод хатмкардаи ДДХ ба номи Б.Ғафуров (соли 1970) буда,  фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ҳамчун ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ оғоз бинмудааст.  Фаъолияти минбаъдаи устод: аз соли 1976 то соли 1989 муаллими калон, дотсент, муовини декани факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи хатмкардааш, аз соли 1989 то соли 1991 ходими илмии калони Пажӯҳишгоҳи мактабҳои миллии ВМ Россия, аз соли 1991 то соли 1993 дотсент, мудири кафедраи усули  таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, аз соли 1993 то соли 1996 муовини раиси вилояти Суғд, аз соли 1996 то соли 2000 –ум сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Қазоқистон, аз соли 2001 то соли 2006 тарҷумони як ташкилоти байналхалқӣ, аз соли 2007 то соли 2011 декани факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, аз соли 2011 то имрӯз ходими калони  илмии Пажӯҳишгоҳи  рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ.

С. Неъматов муаллифи 2 асари илмӣ, 1 китоби дарсӣ, 13 барнома ва зиёда аз 150 мақолаву дастур мебошад.

Устод то имрӯз садҳо  нафарро дар ҷодаи илм роҳнамоӣ карда, аз асрори ниҳони илму маърифат огоҳ намудааст. Чандин пажӯҳишгар дар дохил ва хориҷи кишвар таҳти роҳбарии ӯ сазовори номи баланди номзади илмҳо гардидаанд.  Шогирдони устод имрӯз қариб дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа фаъолият намуда, бо кору пайкори содиқонаву софдилона дар рушду тараққиёти кишвари маҳбубамон саҳми назаррас мегузоранд.

Устод имрӯз низ ин рисолати  баландашро бо масъулияти том иҷро менамояд ва дар тарбия ва ба камол расидани  унвонҷӯёну аспирантон ва докторантону донишҷӯёни макотиби олии кишвар саҳми арзанда дорад.

Бо ин шахсияти бедордилу соҳибхирад баъди ба сафи аспирантони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дохил шудан шинос гардидам. Маро бештар хушсуханӣ, нармгуфторӣ ва кушодарӯиву хушмуомилагиаш ба худ ҷалб намуд.  Ман ҳамчун як ҷавоне, ки тоза дар роҳи илм гом ниҳодааст, кӯшиш менамудам, ки бо устод ҳар чӣ бештар ҳамсуҳбат гардида, ба умқи ҷаҳони маънавии ӯ фурӯ равам ва аз хирмани илму маърифат ва панду ҳикматаш хӯшаҳои ҳикмат бичинам.

Инак, 2 сол мешавад, ки таҳти роҳбарии ин устоди арҷманд дар бахши методикаи таълим дар мавзӯи «Ташаккули салоҳиятҳои муоширати хонандагони синфҳои болоӣ» ба кори илмӣ машғул ҳастам. Фаъолият таҳти роҳбарии чунин шахси кордону некном ҳам ифтихор, ҳам масъулият ва ҳам шарафи бузург аст. Тавсияҳои судманди устод касро ба самти дурусти пажӯҳиш, ба масъулиятшиносию омӯзиши пайваста  ҳидоят менамоянд.

Устод Садулло Неъматов имрӯз низ пайваста дар пайи омӯзишу пажӯҳиш аст. Ҷамъияти инсонӣ ҳамеша ба чунин шахсиятҳо ниёз дорад. Фаъолияти пурсамару бардавоми устод ҳам дар коргоҳ ва ҳам дар байни аҳли ҷомеа обрӯву эътибори ӯро даҳчанд афзудааст, ки мо аз ин ифтихормандем.

Устоди бузургу арҷманди мо ба синни мубораки ҳафтод қадам мегузорад. Эшонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯем. 

Ҳамеша комёб бошед, устод! 

 

Сиротулло Зоиров,

аспиранти Пажӯҳишгоҳи  рушди

маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш