Нашрияи Омӯзгор

Устоди мо, раҳнамои мо

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Истаравшан хурду калон ӯро мешиносанду эҳтиром мекунанд. Пайдост, ки ин подоши тавозӯъ,  ҳусни муошират ва хидмати бенуқсони  ӯст.

Маҳсули қалами Сайфулло Маҳкамовро аз овони мактабхонӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мехондам. Аз соли 1994, ҳангоме ки дар радиои маҳаллӣ ба кор шурӯъ кардам, бо устод шиносоӣ доштем. Соли 2002 бо ӯ мусоҳибае оростам, ки матнаш зери унвони «Ширинтарин нон аст нони журналист» дар нашрияҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба табъ расид. Ҳамон вақт дар бораи ҷустуҷӯҳову пуркории ин қаламкаши истаравшанӣ нигошта будам. Аз соли 2015 инҷониб бештари рӯзи кории камина бо дуои устод оғоз мешавад. Аз инояту ҳидояти  ин фарди соҳибфазилату бомаърифат на ман танҳо бархӯрдорам. 

Идораи нашрияи вилоятии кӯдакону наврасон «Корвони умед» дар як бино бо идораи мо - рӯзномаи «Паёми Истаравшан» ҷо гирифтааст. Дар ин бино кумитаи шаҳрии ҲХДТ, идораи сохтмони асосӣ ва КВД «Лоиҳакаш» низ ҷойгир мебошанд. 

Ҳар субҳ, одатан, Сайфулло Маҳкамов барвақттар аз дигарон ба ҷойи кор ҳозир мешавад. Бисёриҳо аз сари эҳтиром вориди утоқ шуда, салом медиҳанд, аҳвол мепурсанд. Кадхудои ҳуҷра нахуст ба нишастан таклиф намуда, ҳатман пиёлаи чой дароз мекунад.  Наздик ба 20 соли кор дар бойгонӣ чандон таҷриба андухтааст, ки  аъзои аксари хонаводаи шаҳрро хуб мешиносад, аз аҳволашон мепурсад (Бад-ин сабаб, мо устодро «архиви зинда» меномем). Ҳангоми гусел ҷавонон аз ӯ дуо мепурсанд. Устод каф мекушояд: Шохи ҷавониатон нашиканад. Мартабаатон баланд бод!»

Сайфулло Маҳкамов хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, аз соли 1966  фаъолиятро дар пойтахт ба сифати мухбири кумитаи радиошунавонӣ ва телевизиони назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» оғоз мекунад. Баъдан, дар зодгоҳ дар вазифаҳои муҳаррир-ташкилотчии радиошунавонии маҳаллӣ, ҷонишини директори мактаби №5 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, котиби масъули ҷамъияти «Дониш», инструктори шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, директори филиали бойгонии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан, сармуҳаррири рӯзномаи «Заҳматкаш» кор кардааст.  Аз соли 2000-ум инҷониб ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи кӯдакону наврасони вилояти Суғд «Корвони умед» фаъолият дошта, дар як вақт хабарнигори ҳафтаномаҳои «Нақлиёт»-у «Қонун ва ҷомеа» мебошад.

Мавсуф новобаста аз кор дар вазифаҳои гуногун қаламфарсоиро тарк накардааст. Хабару мақола, очерку лавҳаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо пайваста чоп мешаванд. Тӯли 54  соли фаъолияти рӯзноманигорӣ Сайфулло Маҳкамов 32 китобу маҷмӯаи очеркҳо ба табъ расонидааст. «Сарбози инқилоб», «Бӯи хун», «Фидоӣ», «Фарзанди Истаравшан», «Хишти аввал», «Сарчашмаи зиндагӣ», «Фарзандони диёр», «Ҳунармандон», «Нони ҳалол» аз ҷумлаи онҳоянд.

Сайфулло Маҳкамов имрӯзҳо низ пуркор ва дар пайи ҷустуҷӯву эҷод аст. Ин лаҳза дар Истаравшан, соате пас дар Хуҷанд, фардо дар Душанбе, рӯзе пас дар Кӯлобу Бохтар – тарғибу ташвиқ мекунад, мавод ҷамъ меорад. Ин аст, ки ҳафтаномаи «Корвони умед» дар минтақаҳои гуногуни мамлакат муштариён дорад. Соли 2019 ба муносибати 75-солагии анҷоми ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ аз болои фашизм ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод ду китоби нав - «Абадзиндагон» ва «Меҳри дӯстон»-ро ба табъ  расонд.

«Абадзиндагон» дар ҳаҷми 272 саҳифа аз очерку лавҳаҳои солҳои гуногун иншонамудаи муаллиф мураттаб шуда,  дар бораи корнамоии фарзандони халқи тоҷик дар солҳои ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ва меҳнати бунёдкоронаи баъдиҷангии онон нақл мекунад.

Дар маҷмӯаи «Меҳри дӯстон» хотираҳои муаллиф дар бораи бузургони илм, очеркҳои тарбиявию ахлоқӣ аз ҳаёт ва фаъолияти созандаи афроди барӯманди Истаравшан гирдоварӣ шудаанд.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва   маорифи Тоҷикистон, Аълочии бойгонии СССР, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Сайфулло Маҳкамов гули сари сабади маҳфилу ҷамъомадҳои журналистони Истаравшан буда, дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ низ соҳибобрӯст. 

Дар оғози соли 2020 рӯзноманигори варзида Сайфулло Маҳкамов ба синни мубораки 75 қадам мемонад. Ба устоди арҷманд тандурустиву давлати пирӣ ва рӯзгори бегазанд орзу намуда, мутмаинем, ки боз солҳои зиёд ба нафъи халқу Ватан хидмат менамояд.

Анвари Абдуҷалил,

узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш