Нашрияи Омӯзгор

Ҳамагон масъули амнияти Ватанем

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон (12.05.2018)

Суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар доираи мулоқот бо намояндагони ҷомеаи тоҷик бодиққат шунидем. Ҳадафи аслӣ дар вохӯрӣ таҳкиму тақвият бахшидани раванди амнияти миллӣ ва низоми давлатдории дунявӣ, инчунин, шинохтани мушаххасоти ҳаводиси давру замон, дарки масъулият дар назди Ватану миллат ва давлат маҳсуб меёфт.

Баргузор кардани чунин навъи мулоқот бо ҳузури васеи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишри рӯҳонии ватанӣ дар шароити феълӣ, ки ҳамарӯза хатарҳои глобалие мисли даҳшатафканӣ, ифротгаройӣ, тундгароӣ ва бунёдгаройи динӣ-мазҳабӣ ҷомеаҳои ҷаҳониро таҳдид мекунанд, ба манфиати кор аст.

Далелу мадорики таърихӣ ва илмӣ баёнгари онанд, ки сӯйистифода аз исломи сиёсӣ дар чанд даҳсолаи ахир ба бизнеси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бадал шуда, мардуми мантақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ ба гирдоби даргириҳо кашида мешаванд. Ҳамарӯза дар Ховари Миёна бар асари таҳоҷуми мазҳабӣ, ихтилофот ва даргириҳои динӣ-исломӣ ҳазорон-ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд ва хисороти ҳангуфти молию пулӣ ҷомеаҳои мусулмониро дунболагирӣ мекунанд. Илова бар ин, гурӯҳҳои тундгарои исломӣ аз сармоягузории «бедареғ»-и хадамоти истихборотии кишварҳои ғарбӣ бархӯрдоранд ва бар асоси кумаку дастгириҳои моддию маънавии онҳо тарҳҳои амалиёти террористию экстремистиро дар минтақаҳои гуногун роҳандозӣ менамоянд. Мисоли зиндаи ин навъи сармоягузориҳоро аз нимаи дуюми садаи бистум то имрӯз дар тарҳи амалиёти террористии созмонҳои сиёсӣ-экстремистии «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Толибон»,  «ДОИШ» ва амсоли инҳо метавон мушоҳида кард. Шарқи Миёна ба майдон ё ба истилоҳ, полигони ҷангу даргириҳои бемаънои гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ табдил ёфтааст.

Сарвари давлат ба намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон, махсусан, сархатибон муро-ҷиат карда, ишора намуданд, ки шинохтани дурусту дақиқи авзои иҷтимоӣ ва равандҳои сиёсӣ имкон медиҳад, ки ҷомеа дар амну осоиш зиндагӣ кунад ва дар баробари хурӯҷи хатарҳо имкони мубориза ва муқовимат дошта бошад. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми саъю талошашро сарф мекунад, ки пеши роҳи беқонунӣ, беадолатии иҷтимоӣ, ихтилофоти динию мазҳабӣ ва даргириҳои сиёсиеро, ки бар пояи низоъҳои мазҳабӣ-исломӣ тарҳрезӣ мегарданд, бигирад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сархатибон ҳушдор доданд, ки дар ҷараёни мавъизоти динӣ аз қонун убур накунанд ва мардумро таҳти фишори равонӣ ва ақидатӣ қарор надиҳанд. Маҳз мавъизоти хушку холӣ, сахтгириҳою хурофотпарастиҳои рӯҳониён сабаб гардидаанд, ки насли ҷавон ба бемории «ҷаҳли мураккаб», ки хатарноктарин навъи амрози башар маҳсуб меёбад, мубтало шудааст. Дар бисёр мавридҳо, ба ҷойи он ки рӯҳониён, бо истифода аз панду ҳикматҳои ноби бузургони халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон аз ҷараёни мутаассибшавии ҷомеаи ҷавон ҷилавгирӣ кунанд, онҳоро ба гирдбоди ақоиди хушки хурофотӣ мубтало сохта, аз насли наврасу ҷавон тӯдаи хурофотию мутаассиб омода менамоянд.

Рӯ овардан ба илму дониш ва аз ин тариқ мусаллаҳ шудан бо ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро аз тамоми хатарҳо эмин медорад. Кору фаъолияти сусти ниҳодҳои маърифатию илмӣ ва фарҳангӣ роҳро барои вуруду нуфузи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ ҳамвор месозад. Сарвари давлат аҳли илму маърифати ватаниро мухотаб карор дода, тазаккур доданд, ки фарогирии ҷиддии донишҳои дунявӣ насли ҷавон, умуман, ҷомеаи тоҷикро бедор месозад. Буҳрони ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмӣ дар минтақа фазо ва муҳитҳои хурофотию таассубиро, ки зояндаи ақоиди ифротию тафритианд, фароҳам меоваранд ва сатҳи нуфузи рӯҳониёни хурофотиро боло мебаранд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба масъалаи сохтмони андешаи миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем ва ҷиҳати тағйири вазъ ва ба вуҷуд овардани фазои муътадили фикрӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ ва маданӣ саъю талош намоем.

Ҳамин тариқ, Сарвари давлат бо назардошти авзои ҳассоси минтақа ва махсусан, Ховари Миёна, ки таҳти фишори буҳронҳои фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ва мафкуравӣ қарор дорад, бо ҷомеаи маданӣ ва фаъолони иҷтимоӣ мулоқот карданд ва иқдомоташро дар баробари хатарҳои глобалӣ мушаххас намуданд. Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо шароити мусоиди эҷоди ҳусни тафоҳумро миёни давлат ва қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ фароҳам меоварад. Давлат дар ҳама ҳолат бо ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тамоси ҳамешагӣ буда, ин тамосу равобити муштарак дар шинохти муаммоҳои давр, ҳалли буҳронҳо ва рафъи камбуду мушкилоти мавҷуда созгор аст.

 

Н. НУРОВ,

устоди ДДФСТ

ба номи М. Турсунзода   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш