Нашрияи Омӯзгор

  «Мо зодагони истиқлолем»

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ байни мактабҳои санъати шаҳри ва ноҳияҳои вилоят даври ниҳоии озмуни «Мо зодагони истиқлолем» баргузор гардид.

Мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмаҳмадов иттилоъ дод, ки дар озмун аъзои маҳфили рассомию кандакорӣ,бофандагию муҳрабофӣ, лухтаксозию  гулдӯзӣ ва навозандагони асбобҳои миллӣ ширкат доштанд. Тибқи шарти озмун, хонандагон бояд дар бораи таърих ва ташаккули шуғли интихобнамуда, мазмуну муҳтавои асари эҷодкардаашон маълумоти казоӣ дошта, барои ҳайати ҳакамон дастэҷоди худро шарҳу тавзеҳ дода тавонанд. Санъати суханварӣ ва забондонии ҳунармандони наврас дигар аз шартҳои озмунро ташкил медод.

Ғолибон ва иштирокдорон бо мукофотҳои пулию молӣ ва ифтихорномаҳо қадр шуданд.

Ҷ. Қозибеков,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш