Табиат олами хеле рангину пурасрор аст ва қонуниятҳову махсусиятҳои худро дорад. Он ба мо рӯҳияи тоза мебахшад, нуру сафои ҳастии мо аз табиат аст. Вобаста ба ин, мо набояд нисбат ба табиат бепарво бошему аз шебу фарозаш канорагирӣ кунем.
Табиат низ бо мурури замон, бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла, бо дахолати беэҳтиётонаву номутобиқ ба меъёрҳои одамон тағйир мепазирад, ба маҳрумиятҳо дучор меояд ва ҳатто, гӯшаҳое аз онро хавфи нобудшавӣ ё коҳишёбӣ таҳдид менамояд. Дар ин гуна ҳолатҳо одамони бохирад, давлату созмонҳои ботадбир мекӯшанд, ки ин ё он гӯшаи эҳтиёҷманди кишварро аз қабзаи ҳаводиси номатлубу харобиовар наҷот бахшанд. Бо ин мақсад чораҳои гуногуни пешгирикунанда андешида мешаванд. Яке аз тадбирҳои муҳим ва пурсамар дар роҳи ҳифзи табиат (набототу ҳайвоноту ҳашарот…) таъсис додани мамнуъгоҳҳо мебошад. Мамнуъгоҳҳо қитъаҳои муайяни заминанд, ки зери назорат ва ҳифзу ғамхорӣ қарор мегиранд. Ҳамаи чашмаву рӯдбор, набототу ҳайвоноте, ки дар ҳудуди мамнуъгоҳҳо мавҷуданд, тибқи қарордоду дастурҳои муайян нигоҳубин ва ҳифз мешаванд ва аз ҳама гуна таҳдид эминанд. Дар мамнуъгоҳҳо, ҳамчунин, корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷараён меёбанд, ки ҳадафи асосиашон ҳар чӣ пурсамартар ҳимоя кардани мавҷудоти мамнуъгоҳ ва мусоидат ба рушду инкишофи онҳо мебошад. Аввалин мамнуъгоҳ дар ҳудуди Тоҷикистон соли 1938 ташкил карда шудааст, ки «Бешаи палангон» ном дорад. Он дар маҳалли ба ҳам омадани дарёҳои Панҷу Вахш воқеъ мебошад ва масоҳати беш аз 50 ҳазор гектарро дар бар мегирад. Парандаву набототу ҳайвоноти ин мавзеъ хеле гуногунанд. Чандин кӯли зебо мамнуъгоҳро бештар тамошобоб кардаанд.
Мамнуъгоҳи дигари ҷумҳурӣ, ки «Ромит» ном дорад, дар доманакӯҳи ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар маҳалли бо ҳам пайваст шудани ҷараёни рӯдборҳои Сорбо ва Сардаи Миёна (болооби дарёи Кофарниҳон) воқеъ гардидааст. Ин мамнуъгоҳ зиёда аз 16 ҳазор гектарро фаро мегирад ва олами флораву фаунааш хеле бой мебошад.
Мамнуъгоҳи «Даштиҷум»-и ҷумҳуриамон соли 1983 таъсис ёфтаасту андаке беш аз 20 ҳазор гектар масоҳат дорад. Он аз мамнуъгоҳҳои зебову аз олами набототу ҳайвонот ғанӣ ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон боз якчанд мамнуъгоҳи дигар мавҷуд асту табиати диёрро дар сатҳи баланд ҳифз менамояд.
Ориёнфар КАМОЛОВ,
омӯзгори география,
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр