Нашрияи Омӯзгор

Рӯҳи солим –дар тани солим

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ҳар яки мо, омӯзгорон, дар баробари он ки ба шогирдон аз ин ё он фан дарс медиҳем, роҳбари синф ҳам мебошем ва ин водорамон менамояд, ки аз  асосҳои таълиму тарбия  ҳар чӣ бештар огаҳ бошем.

Роҳбари синф, махсусан, вобаста ба тарбияи хонандагон масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Ӯ дар мактаб бояд ба тамоми самтҳои тарбияи хонандагон, аз ҷумла, тарбияи одоби ҳамида, ифтихори миллӣ, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва вобаста ба тамоми ин самтҳо ба шогирдон таъсиргузор бошад. Шаклҳои тарбия ба ҳамдигар пайванди устувору доимӣ доранд, ҳамдигарро комил месозанд ва аз ин рӯ, ба ягон шакли тарбия  камтар диққат додан ва ё замоне аз он қатъи назар кардан боиси костагиҳо дар тарбияи шогирдон мешавад. Роҳбари синфро мебояд, ки дар қатори ҳама самтҳои тарбия ба тарбияи ҷисмонии насли наврас низ диққати ҳамешагӣ зоҳир намояд. Ин шакли тарбия аҳамияти муҳим дорад дар ташаккули ҳаматарафаи хонандагон, зеро «рӯҳи солим дар тани солим аст» гуфтаанд ва мусаллам аст, ки чун кӯдак ҷисман обутобёфтаву бенуқсон бошад, дар таҳсил муваффақ хоҳад буд. Хонандаи солим хуб таҳсил  мекунад, супоришҳоро саривақт иҷро менамояд, кӯшою  серҳаракат мешавад. Яке аз заминаҳои дорои ахлоқи ҳамида ва пешрав будани хонандагон дар тарбияи ҷисмонии онҳост. Зарурати тарбияи ҷисмонии кӯдакону наврасон дар бисёр асарҳои педагогӣ махсус зикр шудааст. Ҳакими бузург Абӯалӣ  ибни Сино бунёди муваффақиятҳои ҳар шахсро дар серҳаракатию меҳнатдӯстии ӯ дониставу шарҳ додааст. Маълум, ки  тарбияи  ҷисмонии хонандагон вобаста ба имконоти ҷисмонии онҳо ва бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолиашон татбиқ карда мешавад.

Дар  мактаб бояд ин шакли тарбияи хонандагон ҳамеша дар мадди назар бошад. Вобас-та ба ин самт дар таълимгоҳҳо чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Маъмулан, ҳар субҳ аҳли мактаб якҷоя ба иҷрои машқҳои гимнастикӣ (асосан, бо роҳбарии омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ) машғул мегарданд, ки ин тадбири хеле муҳим  аст. Иловатан, дар давоми рӯз хонандагон дар вақтҳои муайян ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд, дар дарсҳо дар лаҳзаҳои алоҳида бо дас-тури омӯзгор чанд дақиқа ба иҷрои амалҳои варзишӣ мепардозанд, дар дарси тарбияи ҷисмонӣ ширкат меварзанд, ки ин ҳама омилҳои муҳиму таъсиргузоранд дар тарбияи ҷисмонии шогирдон.

Дар баробари тадбирҳои  мазкур омӯзгорон ва роҳ-барони синфҳо бояд дар бораи аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ дар ҳаёти инсон маълумот диҳанд, ҷанбаҳои тиббии ин амалро тавзеҳ бахшанд. Дар ин самт  нақл дар бораи варзишгарони мумтоз, навъҳои варзиш, махсусиятҳои дунёи варзиш, гуфтаҳои бузургон оид ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба шогирдон таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Малика Азизбекова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш