Нашрияи Омӯзгор

Агар китобҳо дастрас бошанд...

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» бо дастури Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибонае буд дар роҳи ба мутолиаи осори бадеӣ бештар ҷалб намудани насли наврас ва муҳассилини мактабҳои олӣ.

Ҷамъбасти озмун бозгӯйи он аст, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар толибилмони китобхону маърифатдӯсте ҳастанд, ки зиндагии хешро бе китоб тасаввур карда наметавонанд. Онҳо асарҳои зиёди насриро мутолиа кардаву ашъори фаровоне аз шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик ва муосир аз бар намудаанд. Воқеан, мутолиаи асари бадеӣ танҳо ҳавою ҳавас набуда, азобу заҳмат ҳам аст. Барои китобро интихоб ва мутолиа намудан, пеш аз ҳама, ҳар як хонандаи мактаб бояд вақти муайяне ҷудо намояд. Ба андешаи мо, ҷиҳати ба китобхонӣ майлу рағбат пайдо намудан вақт нақши муҳим ва аввалиндараҷа мебозад. Ба китобхонии фарзандон дар муҳити оила бояд падару модарон назорат баранд, зеро аз беназоратӣ фарзанд вақташро ба беҳудагардӣ, иштирок дар бозиҳои автоматӣ (интернетӣ) ва шаб бошад, ба тамошои силсилафилмҳои гуногуни ба синну солаш номувофиқ сарф мекунад. Дар мактаб низ бояд омӯзгорону устодон дар масъалаи мутолиаи асарҳои бадеӣ ба шогирдон рӯйхати осори бадеиро вобаста ба синфҳо дарёфт ва тавсия намоянд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз асарҳои ҷолиб ва шавқовару хонданӣ то ҳол нашр ва дастраси омӯзгорону хонандагон нагардидаанд. Аз ҷумла, китобҳои машҳури «Ҳазору як шаб», «Чаҳор дарвеш», «Саргузашти Ҳотами Той» ва ғайраро дар фурӯшгоҳҳо пайдо кардан амри маҳол аст. Ҳамчунин, асарҳои бачагонаи нависандагони хориҷӣ бояд дубора нашр ва дастраси хонандагон гарданд.

 

Розия ТАБАРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш