Нашрияи Омӯзгор

Волидайн набояд ба фарзандон дуруштӣ кунанд

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Давраи гузариш дар наврасону ҷавонон на танҳо барои волидайн, инчунин, барои омӯзгорон ва психологҳои мактабӣ бисёр давраи ҳассосу мушкил мебошад.

Дар ин давраи синнусолӣ бисёре аз падару модарон аз одоби кӯдакашон шикоят мекунанд, зеро афкору андеша, рафтору гуфтори ҷигарбандашон тамоман дигаргун мешавад. Вақте ки волидон наврасони 15-17-солаи худро ба назди психолог мебаранд,  ӯ дар самти муайян намудани кор бо наврасон каме душворӣ мекашад. Одатан, психолог бо ҳамаи аъзои оила (яъне, дар шакли умум) ва ё дар алоҳидагӣ бо онҳо кор карда, машварат медиҳад.

Одатан, ба назди психолог оилаҳое  меоянд, ки мушкилоти ҷиддие доранд ва онҳоро изтироб фаро гирифта аст. Шахсоне, ки дар ҳолати изтиробанд, намедонанд, ки бо кӣ чӣ гуна ҳарф зананд, чӣ кор кунанд!? Дар ин ҳолат психолог бояд аз калимаҳое истифода барад, ки оммафаҳманд. Тамоми ахборро оид ба таърихи оила ба даст оварда, психолог дар бораи раванди гузариши ҳаёти наврас таҳлилҳо менамояд.

Ин ҷо аз як ҳодиса ёдовар мешавам. Ба машварати психологӣ волидайне муроҷиат намуданд, ки масъалаи асосии онҳо дар бораи рафтори писари 17- солаашон буд.  Онҳо шикоят карданд, ки писарашон ба хона дер меояд. Баъзе  вақтҳо ӯро дар қатори дӯстонаш аз милисахона пайдо мекунанд. Одатҳои бади зиёде пайдо намудаасту ба таҳсил майлу рағбате надорад. Зимни ташхис дар беморхона  мутахассисон гуфтаанд, ки ӯ бемории шизофрения дорад.

Бояд қайд кард, ки ин писар айёми хурдсолӣ мавриди тавҷҷуҳи калонсолон қарор дошт, Падар барои таҳсили хуби ӯ тамоми шароитро муҳайё карда буд, то фарзанд хонда, дар оянда шахсияти бузурге шавад. Падар бо ин орзуҳо хушҳол буд. Писар низ дар мактаб хуб таҳсил мекард ва омӯзгорон ӯро таъриф мекарданд. Кӯдак  ягон рафиқ ё дӯсти наздик надошт, зеро ҷои ҳамаи онҳоро падар ишғол мекард.  Баъди синфи 7-ум вазъият дигаргун шуд, писар дигар он кӯдаки фармонбардор набуд. Волидон маҷбур шуданд, ба назди психолог биёянд. Дар ин мавзӯъ ду психолог кор карданд. Дар раванди санҷишу тахлилҳо маълум гардид, ки падар бисёр шахси худхоҳ аст. Дар хона дағалӣ карда, ба иззати нафси фарзанд мерасид. Ҳамин одатҳои падар боиси саркашию бадрафтории писар гардид. Ин гуна  муносибат ба психикаи наврас таъсири манфӣ мерасонад, зеро ӯ дар ин синну сол дар оила мехоҳад мавқеъ ё ҷойгоҳ дошта бошад ва суханҳояш ба эътибор гирифта шавад.

Аммо аксари  волидайн ҳангоми суханронии наврас ба ӯ чунин посух медиҳанд: Ту гап назан, ба назарат хеле калон шудӣ, забонат дароз шудааст ва ғайраҳо. Баъди ин гуна муносибат наврас аз хона дурӣ меҷӯяд ва ҷойгоҳашро дар байни бачаҳои кӯча пайдо мекунад. Вақте ки назару андешаи наврас дар хона қабул намешавад ва дар байни бачаҳои кӯча назараш қобили қабул аст, ӯ худашро дар байни онҳо роҳат эҳсос мекунад ва ба ҳамин баҳона аз хона ва волидайн дур мегардад.

Вақте бузургсолон бо наврасон муносибати нодуруст мекунанд, набояд интизори муносибати хуб шаванд.

Идиназар Холназаров,

равоншиноси гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш