Нашрияи Омӯзгор

Насиҳат раҳнамост

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муносибати фаъолонаи шаҳрвандони кишвар ба масъалаи тарбияи фарзанд бештар ба назар мерасад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила вогузошта шудааст. Дар ин вазъ волидон дар сурате масъул шуда метавонанд, ки худ дорои маърифату маданияти баланд бошанд ва роҳҳои тарбияро хуб донанд. Агар фарзанд аз кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ба фарзандони қобилу оқил ва ихтироъкор ниёз дорад. Ҳар падару модар вазифадоранд барои фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам созанд, то дар оянда онҳо ҳамчун шахсони баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба камол расанд.

Пӯшида нест, ки зери таъсири воситаҳои электронӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб сатҳи тарбияи фарзандон то андозае коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе падару модарон, наврасону ҷавонон берун аз тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то нисфи шаб гаштугузор менамоянд, иддае аз онҳо даст ба ҷиноят мезананд.

Дар иртибот ба мавзӯъ бояд гуфт, ки вазифаи асосии волидон, ки дар қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад. Яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳимми онҳо мебошад.

Ягона роҳи неку ҳақиқат ва одамият - ин бархӯрдор шудан аз насиҳату маслиҳати падару модар, панди рӯзгор, панди омӯзгор ва панди ҳаёт аст.

Гузаштагони мо дар бораи мақоми падару модар дар тарбияи фарзандон пандномаҳои зиёде навиштаанд ва бо ин роҳ онҳоро ба одаму одамгарӣ даъват кардаанд.

Фарзанд меваи умри инсон мебошад. Волидон набояд аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намоянд. Одоб аз илм афзал аст. Пас, вазифаи аз ҳама асосии мо бояд ин бошад, ки фарзандонамонро дар роҳи одоби хубу хулқи наку парвариш намоем.

Падарону модаронро зарур аст, ки эҳтиром намудани устодро дар дили фарзандон бедор кунанд ва нисбат ба онҳо ғамхору дилсӯз бошанд. Ҳикмати машҳури халқ: «Ҳаққи устод аз падар беш аст» ва ё «Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар» то ҳол маъруф аст. Хирадманде гуфтааст: кишт - некии яксола, боғ - некии даҳсола, тарбия барои асрҳост. Албатта, ҳар як рафтору гуфтори бузургсолон ва махсусан, падару модар, бобову модаркалон ва омӯзгорон барои насли ҷавон омӯзандаву таъсиргузор аст.

Зулфия Умратуллоева, 

омӯзгори мактаби №35-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш