Нашрияи Омӯзгор

Заминагузори комёбиҳо

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Волидайн вазифадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии бача пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд, фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накукорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбат ба аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих, эҳтиром нисбат ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд. Ин мазмун бардошт аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад ва дар он муҳимтарин вазифаҳои волидайн вобаста ба тарбияи фарзанд таъкид шудааст. Воқеан ҳам, тарбияи фарзанд дар оила яке аз масъалаҳои  мубрами педагогика буда, аз қадим таваҷҷуҳи алоқамандони соҳаро ҷалб намудааст. Ҷои баҳс нест, ки оғозгаҳи тарбия, сарчашмаи он маҳз оила мебошад, оила муҳитест, ки кӯдак  аввалин бардоштҳои худро аз он ҳосил менамояд, аввалин шунидаҳояш, мушоҳидаҳояш, таассуроташ бо оила ҳамбастаанд. Мегӯянд, ки «об аз сар бояд соф бошад». Ҳар қадар оила мукаммал, фарҳангӣ, бомаданият ва  аҳлу тифоқ бошад, ҳамон қадар кӯдак тарбияи хуб хоҳад дарёфт. Волидон хуб бояд донанд, ки ҳар як гуфтору ҳар як амалу рафтори онҳо ва аъзои дигари оила ба кӯдак таъсиргузор хоҳад буд, дар ӯ, ки мушоҳидакор аст, андешаеро, фаҳмишеро ҳосил хоҳад кард. Чунончи, агар падару модар ба ҳам аз сари хашму ғазаб ҳарфи носазое гӯянд, чанд муддат пас шоҳид мешаванд, ки ин ҳарфро кӯдак нисбат ба бародар ё хоҳари худ ба забон меорад.

Падару модарро зарур аст, ки аз муҳимтарин нуктаҳои марбут ба тарбияи  фарзанд огаҳ бошанд, фарзандони худро хуб омӯзанд, бо онҳо дар кадом маврид чӣ гуна муносибат кардану чӣ гуфтанро донанд. Рафтору гуфтори кӯдак бояд зери мушоҳидаи волидон қарор дошта бошад ва дар асоси ин онҳо бояд дар зарурат ӯро таҳсин гӯянд ё таъкид созанд, ки ин рафтори нодуруст аст. Кӯдак бояд ба тартиби рӯз, ки волидон муқаррар кардаанд (дар вақташ хуфтану хестан, хӯрдан, бозӣ кардан…), риоя намоянд. Ӯро бояд дар ҳар давраи муайян аз назари духтур гузаронду тавсияҳои духтурро ба инобат гирифт.

Дар тарбияи дурусту босамари кӯдак дар оила дар баробари волидайн мактаб (омӯзгорон) ҳиссагузорӣ менамоянд. Омӯзгорон, ки донишҳои комили педагогӣ доранд, ба волидон вобаста ба муносибат ба кӯдак ва тарбияи ӯ дастуру маслиҳатҳо медиҳанд. Ҳамкории мактабу оила бояд бомарому ҳамешагӣ бошад. Маълумоти волидайн ба омӯзгор оид ба рафтору гуфтори кӯдак ва баръакс, иттилои омӯзгор ба волидайн аз ии лиҳоз омили муҳим дар тарбияи дурусти кӯдак мебошад.

Мактаб масъулияте ба дӯш дорад, ки ба падару модарон донишҳои педагогиро тарғиб намояд ва дар ин самт чорабиниҳои махсус (аз қабили вохӯрӣ, суҳбат, саволу ҷавоб, омӯзиши асарҳои муҳими педагогӣ…) баргузор намояд. Ҳамкорӣ ҳамеша самараи хуб медиҳад ва барои комёбиҳо заминагузор мешавад.

Шаҳнозаи Ҷамолзода,

омӯзгори мактаби №4-и

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш