Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар Ганҷобод

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар карда, дар маросими оғози бунёд ва ифтитоҳи як қатор иншоот иштирок намуд.

Раиси вилоят зимни сафар нахуст дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён бо ҷараёни бунёди муассисаи таълимии навбунёд шинос гардид. Муассисаи нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи хонандагон бунёд гардида, тибқи лоиҳа барои сохтмони иншоот 12 миллион сомонӣ маблағ масраф хоҳад шуд.

Бинои таълимӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 720 нафар хонанда дар ду баст сохта шуда, фармоишгар идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон - 3»-и ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, дар ошёнаи сеюми бинои муассиса корҳо ҷараён доранд. Дар корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ саҳм гузошта истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки барои дар сатҳи баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани муассисаи таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш