Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳо назаррасанд, норасоиҳо низ ҷой доранд

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

19 майи соли равон  дар Қасри фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазир Латофат Назирӣ, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, сардорони раёсат, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии вилояти Суғд, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят ва мудирони шуъбаҳои маориф иштирок карданд.

Нахуст ҳайати корӣ ва меҳмонон намоишгоҳи дастовардҳои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимиро, ки дар саҳни Қасри фарҳанги “Суғдиён” ташкил карда шуда буд, тамошо карданд. Зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм Нуриддин Саид аз ғамхориҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ёдовар шуд. Мавсуф, иброз дошт, ки дар ҷаласаи мазкур  рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм, вазъи таълиму тарбия, фаъолияти хадамоти методӣ ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ оид ба вазъи таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баромад намуд. Мавсуф зикр намуд, ки  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 252 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 40654 нафар кӯдак фаъолият менамоянд, ки талаботи аҳолиро ба таълиму тарбияи томактабӣ қонеъ намекунанд.

Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ҷалби фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар сатҳи вилоят нисбатан хуб бошад ҳам, аммо масъулини шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Айнӣ, Зафаробод ва Деваштичро зарур аст, ки бо мақсади ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби аз меъёр зиёд қабул намудани кӯдакон фарогирӣ бештар гардидааст.

Ҳамчунин, фарогирӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят на аз ҳисоби ба теъдоди зарурӣ бун-ёд намудани муассисаҳои нави томактабӣ, балки зиёда аз меъёр қабул намудан ва бар хилофи талабот гузоштани катҳои хоб ба қайд гирифта шудааст.Мушкилии дигар дар ин зинаи таҳсилот ғайриихтисос фаъолият намудани аксари мураббияҳои томактабӣ буда, таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо ихтисосманд ногузир аст.

 Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 454 маркази инкишофи кӯдак ташкил гардидааст.

Тибқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 давоми 4 сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд 145 муассисаи томактабии хусусӣ сохта мешуд, ки дар ин муддат танҳо 34 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис гардидааст, ки  гарчанде нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёд бошад ҳам, 23,4%-и барномаро ташкил медиҳад. Аз 65 муассисаи таҳсилоти умумии хусусии ба нақшагирифташуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят танҳо 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таъсис дода шудааст, ки 9,2%-и барномаро ташкил медиҳад.

Дар идома муовини вазири маориф ва илм Л. Назирӣ иброз дошт, ки яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таҳсилот, ин таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони варзидаи омӯзгорӣ мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 37 ҳазору 192 омӯзгор, аз ҷумла, 23 627 нафар зан фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 29028 нафар (78 %) бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 1957 нафар (5,2 %) бо таҳсилоти олии нопурра, 6207 нафар (17 %) бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ фаъолият доранд.

Хушбахтона, аз раванди таълим берун кардани омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳалли худро ёфта бошад ҳам, масъалаи бо таҳсилоти ғайриихтисоси омӯзгорӣ ва ғайриихтисоси фаннӣ ба таълиму тарбия машғул будани қисме аз омӯзгорон ҳалли худро наёфтааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 307 нафар бо таҳсилоти гуногуни ғайриихтисоси омӯзгорӣ ва 173 нафар бо ғайриихтисоси фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таълиму тарбия машғуланд, ки 1,3%-и омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ташкил медиҳад. Ин раванд назар ба солҳои қаблӣ ҳалли худро нисбатан ёфта бошад ҳам, мушкилот ҳанӯз боқӣ мондааст, ки ба сатҳу сифату дониши хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.

Масалан, дар муассисаи таълимии №43 - и ноҳияи Деваштич омӯзгори фанни математика бо ихтисоси иқтисодчӣ, дар муассисаи таълимии №2 омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ бо ихтисоси радиофизика, дар муассисаи таълимии №47 омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ бо ихтисоси муҳандис - барномасоз, дар муассисаи таълимии №7 омӯзгори фанни технология (таълими меҳнат) бо ихтисоси синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳанд, ки ин ҳам ба сифати таълим бетаъсир намемонад.

Омӯзгорони ғайриихтисоси омӯзгорӣ аз фанҳои технологияи иттилоотӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, физика, биология, география, математика, забони русӣ ва забони англисӣ, суруд ва мусиқӣ дарс медиҳанд, ки норасоии кадрҳо аз ҳамин ҳисоб пурра гардидааст.

Яке аз омилҳои асосии беҳтар намудани сифати таҳсилот такмили маҳорати касбии омӯзгорон ба шумор меравад. Масъалаи мазкур на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтааст.

Фарогирии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос дар вилоят дар маҷмӯъ 106,7% - ро ташкил  диҳад ҳам, дар қисме аз шаҳру ноҳияҳо ин ҳолат нигаронкунанда аст.

Агарчанде ҷалб гардидани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Зафаробод хуб бошад ҳам, аммо фарогирии омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитамен  нокифоя арзёбӣ мегардад.

Тибқи нақша бояд роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мушовирон ва нозирони шуъбаи маориф дар Донишкадаи ҷумҳуриявиии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос гузаранд. Аммо бо сабаби ҷудо нагардидани маблағ нақшаи сафарбар гардидани кормандон то имрӯз ба пуррагӣ иҷро нагардидааст.

Мушкилоти асосии нагузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос, ин пардохт нагардидани сафархарҷӣ ба шумор меравад, ки дар шаҳру ноҳияҳои нишондодашуда ба мушоҳида  мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда кори марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба беҳбудӣ ниёз доранд. Дар як қатор шаҳру ноҳияҳо марказҳои мазкур бинои алоҳида ва ё мустақилияти молиявӣ надоранд, ки ин ба пешрафти кори онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Аз рӯйи маълумоти пешниҳодгардида дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят 553 маҳфил бо фарогирии 18175 хонанда фаъолият менамояд, ки 3,5%-и ҷалби хонандагонро (517802) ба маҳфилҳо дар бар мегирад, ки  қонеъкунанда нест.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, дарёфт ва рушди истеъдодҳо бино ва мустақилияти молиявӣ надоранд.                 

Яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дониши хонандагон ин норасоии китобҳои дарсӣ мебошад. Санҷиш нишон дод, ки новобаста аз он ки китобҳои чопшуда сари вақт дастрас карда мешаванд, дар аксари муассисаҳои таълимии санҷидашудаи ин шаҳру ноҳияҳо китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, технологияи иттилоотӣ, китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва ғайра намерасанд.

Норасоии китобҳои дарсӣ аз дуруст пешниҳод нагардидани эҳтиёҷот мутаносибан ба шумораи хонандагон мебошад. Китобдорони раёсат ё шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо бояд эҳтиёҷоти китобҳои дарсиро барои 3-4 соли оянда ба назар гирифта, вобаста ба шумораи хонандагон тақсимоти китобҳоро ба роҳ монанд. Аз сабаби набудани чунин тақсимот дар як муассисаи таълимӣ зиёд ва дар дигар муассисаи таълимӣ кам ворид мегардад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ  норасоии  китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуногун  ба назар мерасад. Эҳтиёҷоти воқеии хонандагон ба китоб аз ҷониби директорони муассисаҳои таълимӣ ба инобат гирифта намешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар самти пардохти маблағи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бӯстон, Спитамен, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ пешсаф буда, шаҳру ноҳияҳои дигар дар ин масъала нисбатан кам таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. 

Кори китобхонаҳои мактабӣ на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мувофиқи мақсад аст. Китобдори муассисаи таълимӣ корҳои беруназсинфиро ҷиҳати баргузории конфронсҳои илмию назариявӣ, викторинаҳо ва дигар  чорабиниҳои вобаста ба ҷашнвораҳо, ки бевосита ба китобхона вобастагӣ дорад, хеле кам мегузаронанд. Ин камбудӣ дар ҳамаи муассисаҳои санҷидашуда ба мушоҳида расид. Аз пурсиш ва саволу ҷавоб ба хонандагон маълум гардид, ки агарчи хонандагон порчаҳои шеърии зиёде донанд ҳам, теъдоди онҳое, ки ин ё он асари насрии нависандагони классик ё  муосирро  хонда бошанд, зиёд нест.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки  соли таҳсили ҷорӣ дар вилояти Суғд 202342 хонандаи синфҳои 7-11 ба таълими фанни технологияи иттилоотӣ фаро  гирифта шудаанд. Ба шогирдон 1365 нафар омӯзгор аз фанни технологияи иттилоотӣ дарс мегӯянд. Ба ҳолати имрӯза 947 нафар омӯзгори фанни мазкур аз курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ  гузаронида шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии вилоят ба 16654 компютер, 2648  принтер  таъмин  карда  шудаанд,  ки  157 % -и  иҷрои барнома мебошад.

Рафти иҷрои Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои вилоят то ба имрӯз 157 фоиз иҷро гардида бошад ҳам, аммо дар шаҳри Панҷакент иҷрои барнома 93%-ро ташкил медиҳад.

Пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ бо шабакаи интернет яке аз талаботи барнома ба ҳисоб меравад. Шумораи муассисаи таълимии санҷидашуда, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошанд, 863 ададро ташкил медиҳанд. Аз санҷиш маълум гардид, ки қасми зиёди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба шабакаи интернет тариқи “модем”  пайваст гардидаанд, ки дастрасӣ ба интернетро то андозае маҳдуд менамояд.

Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муайян ва  пешгирӣ намудани ҳолатҳои дарсшиканӣ, зуҳуроти номатлуби худкушӣ ва сӯиқасд ба он аз ҷониби масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.   

Бо вуҷуди ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳуқуқ-вайронкунӣ, ҷиноятсодиркунӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар байни ноболиғон боиси ташвишу  нигаронист.

Давоми 4 моҳи соли 2018 аз ҷониби 53 ноболиғ ҳодисаҳои ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 (57 ҳолат)  4 ҳолат зиёд мебошад. Дар 4 моҳи соли 2018 29 хонандаи мактаб даст ба ҷиноят задааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳолат зиёд аст. Яке аз падидаҳои номатлуб, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят боиси нигаронист, даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон аст.

Чунончи,  давоми соли 2017 аз ҷониби 38 нафар ноболиғ ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 34 нафари онро (14 писар ва 22 духтар) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил медиҳанд. Бо мақсади  расонидани  кумаки педагогӣ, равонӣ-методӣ, пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 656 муассисаи таълимӣ фаъолияти равоншиносон ба роҳ монда шуда бошад ҳам, ин амали номатлуб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майл ба зиёдшавӣ дорад. Агар соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 29 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2017  9 ҳолат зиёд гардидааст.

Давоми  4  моҳи соли 2018  16 ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд, ки 15 нафари онҳо хонандаи мактаб мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 38 нафар ноболиғ ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон 20 ҳолат (2017-18 ҳолат) зиёд мебошад.

Дар ин робита, сардори раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда мешаванд, ки корҳои тарбиявиро беҳтар ба роҳ монда, робита бо оиларо тақвият бахшида, рӯзҳои падару модарро дар муассисаҳои таълимӣ самаранок ба роҳ монанд.

Нақшаи дурнамои мактаб дар самти муайян ва ба нақша гирифтани фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим бозида, он бояд рушди муассисаи таълимиро дар 5 соли оянда дар самти таъминоти кадрӣ, базаи моддӣ- техникӣ, банақшагирии такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмир ва сохтмони синфҳои иловагиро муайян намуда, бояд ҳар банди он давра ба давра иҷро гардад.

Муассисаи таълимӣ бояд таҳлил ва ояндабинии муассисаро дар зарфи 5 сол дошта бошад ва донад, ки баъди ҳар сол чӣ мушкилоте пеш меояд ва пешакӣ бо дарназардошти банақшагирии мушкилоти мазкур масъаларо ҳал намояд.

Масалан, дар самти таъминоти кадрӣ роҳбарият аллакай медонад, ки пас аз 3-4 сол омӯзгор ба нафақа меравад ва дар ин самт барои омода намудани омӯзгорони ҷавон ва дохил намудани хонандагон дар самти риштаҳои омӯзгорӣ бояд нақша дошта бошад. Ин фаъолият, хусусан, дар деҳот бояд хуб амалӣ гардад, зеро дар он ҷо ғайр аз сокинони маҳал дигар мутахассисон ба кор намеоянд. Ё ин ки дар таъмини заминаҳои моддӣ- техникӣ мактаб дар 5-10 сол нақшабандӣ бояд дошта бошад, ки  маблағҳоро барои харидории озмоишгоҳҳои фаннӣ пешбинӣ намояд.

Такмили маҳорати касбии омӯзгорон тавассути расонидани ёрии методӣ ва салоҳиятҳои асосии шӯроҳои методӣ роҳандозӣ мегардад. Дар ин самт низ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф гарчанде кӯшиш ба харҷ додаанд, то ҳанӯз камбудиҳо зиёд аст.

Аз ин лиҳоз, дар самти омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва гузаронидани семинар-машваратҳои дастурдиҳӣ фаъолияти шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ беҳбудӣ мехоҳад.

Таҳлили фаъолияти хадамоти методӣ дар ноҳияҳои санҷидашуда баёнгари он аст, ки дар самти мазкур кори шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ беҳбудиро мехоҳад. Зеро нақшаҳои кори иттиҳодия ва шӯроҳои методӣ нусхабардори якдигар буда, барои такмили маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат карда наметавонанд. Дар протоколҳои иттиҳодия ва шӯроҳои методӣ ба ҷойи расонидани ёрии методӣ ва додани тавсияҳои методӣ қарор ва вазифадоркуниҳои умумӣ дарҷ шудааст. Қабули чунин қарорҳо аз надонистани санадҳои меъёрии соҳа дарак медиҳад. Дар ҷузвдонҳои иттиҳодияҳои методии омӯзгорон ва роҳбарони синфҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашуда маводи зиёди таҳлилию методӣ гирд оварда шудаанд, аммо мутасаддиёни пешбурди он мебоист дар раванди таҳия ба мазмуну муҳтавои онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд.

Нақшаи кори шӯроҳои методӣ дар аксари муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи шаҳри Бӯстон ба мушаххасгардонӣ ва таҷдиди назар ниёз доранд. Чунончи, дар муассисаи таҳсилоти умумии №3 - и шаҳр ҳоло ҳам дар протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ ба ҷойи тавсия медиҳад, қарор мекунад омадааст, ки тамоман нодуруст аст.

Барномаҳои таълимие, ки имрӯз мавриди амал қарор доранд, дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд, вале дар муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом, ки таълимашон бо забони ӯзбекӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, дастрасии китобу барномаҳои таълимии чопи ватанӣ боиси нигаронӣ буда, дар синфҳои русӣ маводи чопи Федератсияи Россияро истифода мекунанд. Дар ин гуна муассисаҳои таълимӣ хонандагонашон бисёр вақт аз таъриху фарҳанги Ватани мо бехабар мемонанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти раёсат, масъулини кабинети методӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки бо истифода аз неруи зеҳнии дар ин самт мавҷуда, тавассути омӯзгорони воқеии забони давлатӣ ва дигар мутахассисин (аз ҳисоби омӯзгорони варзидаи фанҳои гуногун, ки фанни худ ва забони тоҷикиро хуб медонанд) бо истифодаи тарҷумаи китобу барномаҳои таълимии чопи ватанӣ ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда чораҳои таъҷилӣ андешанд.  

Омили дигаре, ки барои баланд гаштани сатҳи дониши хонандагон сабаб мегардад, ин фаъолияти дурусти гурӯҳҳои сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Мутаассифона, аз санҷиш маълум гардид, ки ин гурӯҳҳо дуруст фаъолият накарда, барои пешравии соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мавқеи назаррас надоранд, ки аз фаъолияти номукаммали бахшҳо бармеояд.

Чунончи, бахши хадамоти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бе сохтани бинои иловагӣ ғунҷоиши хонандагонро дар замимаи Иҷозатномаи пешбурди фаъолият дар ду навбати гуногун нишон додааст, ки барои зиёда аз меъёр қабул намудани хонандагон аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ асос гардидаст. Дар муассисаҳои таълимӣ, гарчанде мониторинги сатҳи дониш гузаронида шуда бошад ҳам, вале таҳлил нагардида, омилҳои пастии сатҳи дониши хонандагон нишон дода нашудааст.

Сатҳу сифати таълим дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда нисбат ба 2-3 соли пеш беҳ гардида бошад ҳам, аммо қонеъкунанда нест. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз фанҳои гуногун аз 35360 хонанда корҳои хаттӣ ва тестӣ гирифта шуд, ки натиҷа чунин аст: аз шумораи 35360 нафар хонандаи дар санҷишҳо иштирокдошта 4009 нафар баҳои «5» (11,3%), 8805 нафар баҳои «4» (24,9%), 15083 нафар баҳои «3» (42,6%) ва 7463 нафар баҳои «2» (21,1%) гирифтанд. 

Ҳамагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда сифати таҳсилот (баҳои 4-5) 36,2 % ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ (баҳои 3-4-5) 78,9%-ро ташкил медиҳад.

Яке аз мушкилоти асосӣ дар 3 баст ба роҳ монда шудани раванди таълим мебошад. Аз сабаби нарасидани синфхонаҳои таълимӣ дар 6 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, дар шаҳри Истаравшан 3 муассиса, Спитамен 2 муассиса, Панҷакент 1 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дар 6 муассиса 8516 хонанда) ҷараёни таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст.

Айни ҳол, дар 7 шаҳру ноҳияи вилоят 13 муассисаи садамавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 4 муассиса (№№16, 17, 18, 23), шаҳри Панҷакент 4, (№№18, 23, 45, 49), Ҷаббор Расулов (№8), Шаҳристон (№19), Истаравшан (№46) ва Ашт (№25) 1 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Инчунин, 53 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят (Айнӣ 3, Ашт 1, Б. Ғафуров 3, Деваштич 6, Зафаробод 1, Истаравшан 6, Истиқлол 1, Исфара 3, Конибодом 11, Кӯҳистони Мастчоҳ 3, Мастчоҳ 2, Панҷакент 5, Спитамен 2, Ҷ. Расулов 2 ва Шаҳристон 4 дар ҳолати қисман садамавӣ қарор доранд.

Дар баробари ин, 223 муассисаи таълимӣ дар вилоят ба таъмири асосӣ ниёз дорад, ки ин муассисаҳо ба шаҳру ноҳияҳои зерин рост меояд: Айнӣ 2,  Ашт 21, Б.Ғафуров 9, Деваштич 15, Зафаробод 13, Истаравшан 47, Истиқлол 1, Исфара 9, Конибодом 13, Кӯҳистони Мастчоҳ 8, Мастчоҳ 23, Панҷакент 38, Спитамен 5, Ҷ. Расулов 15, Шаҳристон 4 ададӣ рост меояд.

Сипас, муовини  якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев дар хусуси вазъи фаъолияти таълимии муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд, сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Ҷалолиддин Амиров доир ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суханронӣ намуданд, ки дар шумораи оянда дар ин маврид маълумоти муфассал пешниҳод хоҳем кард. 

Инчунин, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм Комилҷон Исоев оид ба вазъи таъминоти муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо китобҳои дарсӣ, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмонов доир ба иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ИМД, директори Маркази ҷумҳурияви технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Киромуддин Назаров доир ба компютеркунонии муассисаҳои таълимии вилоят ҳарф заданд.

Дар охир вазири маориф ва илм Нуриддин Саид масъулинро вазифадор намуд, ки вазъи норасоии китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ омӯхта, вобаста ба эҳтиёҷоти онҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд. Дар масъалаи  дар сатҳи зарурӣ доир намудани олимпиадаҳои фаннии хонандагон диққати ҷиддӣ дода, нисбат ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей, гимназия, ки хонандагонашон дар ин чорабиниҳо ширкат наварзидаанд ва ё ҷойҳои сазоворро соҳиб намегарданд, чораҳои зарурӣ андешанд. Якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, рафти татбиқи “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ”-ро зери назорати ҳамешагӣ қарор дода, ҷиҳати пешгирии ба сатр ва зару зевари қимматбаҳо ба дарс омадани хонандагон чораҳои фаврӣ андешанд. Инчунин, дар робита бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ташкили марказҳои инкишофи кӯдакон, омӯзиши компютерӣ ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Сардори раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи таълимии шаҳру ноҳияҳои санҷидашударо вазифадор намуд, ки ба сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон диққати ҷиддӣ дода, фаъолияти шӯроҳои методиро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

Ҳамчунин, Назира Ғаффорӣ-муовини раиси вилоят баромад намуда, изҳор дошт, ки камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф карда мешаванд.

Эҳсон САФАРЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”

Душанбе – Хуҷанд - Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш