Нашрияи Омӯзгор

Вазифаи хонагӣ муҳим аст

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятноки рушди мамлакат шинохта шуда, ҳамасола дар ин самт тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.

Дар ҷараёни таълиму тарбия аксар омилҳо ба салоҳдиду сатҳи донишҳои касбию таҷрибаи омӯзгор алоқамандӣ доранд. Супориши вазифаи хонагӣ низ аз ҳамин ҷумла омилҳост. Дар ин хусус солҳои зиёдест, ки байни омӯзгорон мубоҳиса, радду бадал вуҷуд дорад. Баҳс аз ин боб то ба дараҷаест, ки баъзан чунин савол ҳам ба миён гузошта мешавад: оё вазифаи хонагӣ супоридан шарт аст ё зарурат надорад? Дар маҷмӯъ, хулосаи ин аст, ки вазифаи хонагӣ супоридан ба манфиати кор мебошад. Ин амал масъулияти хонандагон , вобастагиашонро ба омӯзиш меафзояд, барои бештар фурӯ рафтан ба умқи мавзӯъ мусоидат мекунад, бар он созгор меояд, ки хонандагон берун аз дарсу мактаб низ вақти худро ҳар чӣ бештар ба донишандӯзию такмили ҷаҳонбиниашон сарф намоянд. Аммо вазифаи хонагӣ набояд чун анъана ва дар қолаби ҳамешагию якранг супорида шавад. Дар акси ҳол, шогирдон ба иҷрои он ҳавасманд намешаванд, коҳилӣ мекунанд. Вазифаи хонагӣ бояд дониши хонандагонро такмил бахшад, онҳоро ба андешаву ҷустуҷӯ кардан водорад, қобилияти эҷодиашонро бештар бисозад, ба пешрафти  маънавии онҳо мусоидат намояд. Дар супоридани вазифаи хонагӣ зарур аст, ки омӯзгор муҳтавои мавзӯъ, қобилияти хонандагон ва доираи вақти онҳоро ба инобат бигирад. Тарзи иҷрои вазифаи хонагиро ба таври умум ба шогирдон шарҳ бояд дод. Дар назар бояд дошт, ки хонанда дар як рӯз аз якчанд фан дарс меомӯзад ва аз ҳар яки онҳо супориши хонагӣ мегирад ва иҷрои онҳо неруи зеҳнӣ, вақт ва ҷустуҷуву мулоҳизарониро тақозо дорад. Вобаста ба ин, ҳамкории байни омӯзгорон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дар маҷмӯъ, илми педагогика муқаррар бинмудааст, ки барои иҷрои вазифаи хонагӣ вобаста ба синфҳо хонандагон ба андозаи зерин вақт сарф бояд бинмоянд:

2-4-1=1,5 соат, синфҳои 5-9=1,5-2 соат, синфҳои 10-11=2-2,5 соат. Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки умуман, то чор соат вақт сарф кардан дар ин самт барои хонандагони зинаҳои дуюму сеюми таҳсил меъёри қобили қабул мебошад. Дар назар бояд дошт, ки хонандагон илова ба иҷрои супориши хонагӣ бояд китоби бадеӣ хонанд, баъзе мавзӯъҳоро такрор кунанд ва монанди инҳо.

Дар баъзе мавридҳо хонандагон ду-се нафар бо ҳам вазифаи хонагиро иҷро мекунанд, ки низ қобили қабул аст. Дар ин ҳолат онҳо бо ҳам баҳсу мулоҳизаронӣ мекунанд, ба якдигар савол медиҳанд, ки ин ҳама омилҳои манфиатборанд.

Ҳамин тавр, вазифаи хонагӣ дар ҷараёни таълиму тарбия аҳамияти зиёд дорад ва аз чунин супориш қатъи назар кардану моҳияти онро зери шубҳа бурдан манфиате надорад.

 

Наргис ҶӮРАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш