Нашрияи Омӯзгор

Ҳадафмандӣ ба комёбӣ мерасонад

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама кор ҳадаф нақши муҳим дорад. Бе ҳадафи муайяне ба роҳ баромадан бемаъност ва роҳравро ба варта мекашад. Ҳадаф доштан таъмини заминаи  комёбии шахс мебошад.

Аз ин ҷост, ки ҳар шахс, ҳар созмону ташкилоту муассиса дар оғози марҳилаҳои  фаъолияти худ нахуст ҳадафҳояшонро муайян мекунанд ва дар асоси  онҳо барномаи амалашонро муқаррар месозанд. Дар соҳаи таълиму тарбия низ муқаррарсозии  ҳадаф ва вазифаҳо омили муҳим мебошад. Аслан, таълиму тарбия ҳадафҳои гуногун дорад: донишдиҳӣ, одоби нек, забондонию суханварӣ… Илми педагогика дар заминаи  пажӯҳишҳову таҷрибаҳову баррасиҳо ба хулосае расидааст, ки ҳадафи асосии корҳои тарбиявӣ дар мактаб инкишофи  ҳаматарафаи шахсият мебошад. Ин маънои такмили тарбияи ақлонию маънавӣ, ахлоқию зебоифаҳмӣ, иқтисодию ҷисмонии насли наврасро дар ҳамбастагӣ дорад. Маълум, ки мактаб мекӯшад, то ба ҷамъият шахсияти  ҳаматарафа рушдёфтаро пешкаш кунад. Чунин шахс бояд оқилу доно, хушодоб, обутобёфта ва ҷисман солим бошад. Зарур аст, ки созандагони фардои  ҷомеа меҳнатдӯст бошанду аз ҳар гуна душворию монеаҳо наҳаросанд, аҳамияти меҳнати фоиданоки ҷамъиятиро донанд. Зери мафҳуми ҳадафҳои асосии  тарбияи шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта рушди муҳимтарин омилҳо дар ҳар як фард фаҳмида мешавад. Шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта бештар дорои чунин хислатҳост: бо донишҳои бунёдӣ оид ба ҷамъияту табиат, оламу одам мусаллаҳ аст, ахбору иттилоот, маълумоти  тоза ба тозаро бошуурона азхуд мекунад, маҳорату малакаи донишандӯзӣ, фаъолияти фикриашро мунтазам такмил медиҳад, эҷодкору мушоҳидакор ва некрафтор аст, дар муносибат нисбат ба дигарон (падару модар, аҳли оила, омӯзгорону ҳамсинфон, дӯстон, калонсолон…) хушмуомилаю баандешаву некрафтор аст, ватандӯсту ватанпарвар мебошад ва дар айни замон, аз моҳияти башардӯстӣ огаҳӣ дорад, нисбат ба муқаддасоти миллат, рамзҳои давлатӣ эҳтиром мепарварад, манфиати ҷамъиятиро аз манфиати шахсӣ боло мегузорад, ба ғаму шодӣ, барору нобарориҳои дӯстон шарик шуда метавонад, муросо бо норасоиҳо, бекорию беадолатиро намеписандад, ба ҳамсинфон, ашхоси эҳтиёҷманд дар зарурат ёрӣ мерасонад, зебоипарасту зебоипарвар аст, ба обутоби ҷисмонии худ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Вақте ки омӯзгор ҳадафҳои фаъолияташро дар самти тарбияи шахсияти ҳаматарафа рушдёфта аниқу дақиқ муайян месозад ва дар заминаи нуктаҳое, ки дар боло ишора шуд, барномаи амалашро тарҳрезӣ месозад, албатта, ба арсаи муваффақият роҳ хоҳад ёфт.

Мизроб Ҷелматов,

омӯзгор, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш