Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули сифатҳои ахлоқии кӯдакон

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Тарбияи ахлоқӣ инкишофи ахлоқии кӯдакро таъмин менамояд. Он раванди аз худ намудани меъёрҳои ахлоқӣ, ташаккулёбии шуур ва рафторҳои ахлоқӣ аст.

Бояд қайд кард, ки дараҷаи инкишофи ахлоқии кӯдакон ба синну сол, таъсири методҳои тарбиявӣ, муҳити иҳотакарда вобаста буда, он тамоми умр давом мекунад. Ташаккулёбии сифатҳои ахлоқии шахсият - инсондӯстӣ, хоксорӣ, меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ рафтори маданӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, инсонгароӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайраҳо аз давраи томактабӣ оғоз гардида, минбаъд зина ба зина идома меёбад.

Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқии кӯдакони синни томактабӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ дар асоси талаботи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳисобгирии хусусиятҳои синусолии кӯдакон муайян карда мешавад.

Асоси методологии тарбияи ахлоқиро таълимоти фалсафӣ оид ба ягонагӣ ва бо ҳам алоқамандии инсон ва ҷомеа ташкил менамояд.

Тарбияи ахлоқӣ имкон медиҳад, ки кӯдак таҷрибаи иҷтимоиро аз худ намояд, яъне арзишҳои маънавии миллӣ ва умумибашариро зери мафҳумҳои некӣ, ҳақиқат, зебоӣ, таҳаммулгароӣ, адолат, инсонпарварӣ, одамгарӣ ва ғайраҳоро дар раванди муоширату муносибат, фаъолияту амалҳои бошуурона ва якҷоя бо калонсолон аз худ намояд, таҷрибаи ахлоқӣ ҳосил карда, минбаъд олами ботинии худро бой гардонад.

Бояд қайд кард, ки барои кӯдаки синни томактабӣ мафҳуми “ахлоқӣ” ҳамчун одат, рафтор, муносибат, гуфтор, кор, амали хубе, ки дар раванди фаъолиятҳо зоҳир мегардад, дарк карда мешавад.

Дар асоси баҳисобгирии талаботи барномаи таълиму тарбиявӣ, хусусиятҳои синнусолии кӯдакон аз воситаҳои зерини тарбияи ахлоқии кӯдакон истифода бурдан мувофиқи мақсад аст:

1. Ташкил намудани фаъолияти пурмазмун, шавқовар ва натиҷабахши кӯдакон, бозӣ, меҳнат, машғулиятҳои таълимӣ, фаъолияти фарҳангӣ- фароғатӣ, ки дар маҷмӯъ барои аз худ намудани таҷрибаи ахлоқӣ мадад мерасонанд. Набояд фаромӯш кард, ки барои кӯдаки синни томактабӣ берун аз таҷрибаи амалӣ қоида ва меъёрҳои ахлоқӣ вуҷуд надорад.

2. Шинос намудан ба ҳаёти иҷтимоӣ, ҳодисаю воқеаҳои гирду атроф, фаъолияти меҳнатии одамон, тарзи зиндагӣ ва ҳаёти намояндагони халқу миллатҳои гуногун, анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ.

3. Таъмини муҳити солимии маънавӣ, ки он барои кӯдак гуворо, дилкаш, шавқовар ва самимӣ бошад. Маҳз муҳити солими ҳамдигарфаҳмӣ, хайрхоҳӣ, инсонпарварона метавонад дар кӯдак ҳиссиёт ва тасаввуроти мусбати ахлоқӣ, одату рафторҳои хубро тарбия намояд. Дар чунин муҳит кӯдак худро чун шахси даркорӣ, азизу муътабари наздикон ҳисобида, кӯшиш менамояд ба меҳру муҳаббат бо дилсӯзию меҳрубонӣ ҷавоб гардонад. Нисбат ба олами иҳотакарда ҳодисаю воқеаҳо, махсусан, калонсолону ҳамсолон боварӣ ва эътимоду эътиқод пайдо намояд.

4. Истифода бурдан аз адабиёти бадеӣ (афсона, ҳикоя, шеър, чистону зарбулмасалу мақолҳо, тезгӯяк, асарҳои гуногуни санъати тасвири, мусиқӣ), ки ҳамаи онҳо бадеият, образнокиро дарбар гирифта, мазмуни онҳо ба ташаккулёбии сифатҳои шахсию ахлоқии кӯдакон таъсири мусбат мерасонад.

5. Истифода бурдан аз табиати зебою нотакрори кишвар, ки он сарчашмаи ҳиссиёти волои ахлоқӣ ва одату рафторҳои неки инсонӣ мебошад. Маҳз табиат ҳисси инсонгароӣ, ватандӯстӣ, дида тавонистан ва эҳтиёт кардани зебоию боигариҳои кишварро ба вуҷуд меорад.

Бояд қайд кард, ки ташаккулёбии сифатҳои шахсии кӯдак масъалаи муҳими психологияи бачагона ва педагогикаи томактабӣ буда, он дар натиҷаи таъсири калонсолон, муҳити иҳотакарда, ташкили фаъолияти амалии кӯдакон таъмин мегардад.

Кӯдакон ба қоида ва меъёрҳои рафтори одамон диққат дода, кӯшиш менамоянд хуб ё бад будани онҳоро дониста гиранд ва мувофиқи фаҳмиш, таҷрибаи ҳаётии худ аз онҳо истифода баранд.

Ойтилло ТАҒОЕВА,

мураббии муассисаи

давлатии таълимии

томактабии №1 “Бунафша”,  шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш