Нашрияи Омӯзгор

Талоши самаровари довталабон

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Аз 8 то 10-уми январи соли равон озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2019” баргузор шуд. Маросими ифтитоҳи он дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф оғоз ёфт, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Рамазон Одиназода, ҳайати ҳакамон ва кумитаи тадорукоти озмун иштирок ва суханронӣ намуданд.

Латофат Назирӣ қайд кард, ки дар озмун мураббии Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангома Атомамадова, мураббии кӯдакистони №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова, мураббии кӯдакистони №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Марҳабо қудратова, мураббии кӯдакистони №1-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ойтилло Тағоева ва мураббии кӯдакистони №15-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Розия Нурматова ҳунару маҳорати касбии хешро месанҷанд. Мақсад аз баргузории озмун дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо мебошад.

Профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бибиҳафиза Маҷидова, аъзои ҳайати ҳакамон  довталабонро бо шартҳо ва тарзи баргузории озмун шинос намуд.

Сипас, иштирокдорон ба муаррифии фаъолияти касбии хеш пардохта, корҳои эҷодии худро дар шакли нақшаи корӣ, намунаи машғулиятҳои кушод, маводи методӣ, дастовардҳои касбӣ, мақолаҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда, дастурҳои методӣ ба ҳозирин пешниҳод намуданд.

Ҳангоми таҳлилу баҳогузории шарти якум мудири кафедраи педагогикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Лутфия Иматова, аъзои ҳайати ҳакамон ба паҳлуҳои мусбати муаррифии фаъолияти мураббиён ишора карда, гуфт, ки дар иҷрои ин бахш ҳама довталабон аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон доданд.

Дар иҷрои шарти дуюм-«Дониш ва маҳорати касбии довталаб» низ иштирокдорон талоши зиёд намуданд, аммо ба баъзе камбудиҳо роҳ доданд.

Дар шарти сеюми озмун-«Мизи мудаввар» довталабон аз нав фаъол шуданд... 

Имсол низ чун соли гузашта иҷрои бахшҳои дигари озмун дар кӯдакистони №18-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Яке аз шартҳои асосии озмун «Машғулияти таълимӣ» мебошад, ки мураббиён зимни гузаронидани он тамоми донишу савод ва маҳорату малакаҳои касбии худро нишон медиҳанд. Узви ҳайати ҳакамон Бибиҳафиза Маҷидова зикр кард, ки дар иҷрои шарти мазкур ҳамаи довталабон фаъол буданд, аз ин рӯ, воқеан, ҳангоми баҳогузорӣ барои аъзои ҳайати ҳакамон натиҷагирӣ кардан мушкил буд.

Ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Маркази ҷумҳуриявию методӣ Мастона Азизова, иҷрои шарти «Таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ» низ ба довталабон ба осонӣ даст дода, ҳамаашон аз уҳдаи иҷрои он сарбаландона баромаданд.

Бахши «Тасвир намудан ва сохтани манзара»-ро Марҳабо Одилова, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақтии кӯдаки Вазорати маориф ва илм, таҳлил намуда, иброз дошт, ки ин шарт низ яке аз шартҳои муҳими озмун буда, қобилияти эҷодкории мураббиёнро ба намоиш мегузорад. Дар ин бахш довталабон Ҳангома Атомамадова, Розия Нурматова ва Марҳабо Қудратова маҳорати баланд иншон доданд.

Маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» 10-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, мутахассиси шуъбаи байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Розиқ Содиқзода, ҳайати ҳакамон, намояндагони ВАО, ҳайати кумитаи тадорукот ва довталабони озмун иштирок намуданд.

Ғолибони озмун эълон гардиданд. ҷойи аввал аз намояндагони марказҳои инкишофи кӯдак насиби мураббии Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангома Атомамадова гардид. Аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ мураббии кӯдакистони №15-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Розия Нурматова ва мураббии кӯдакистони №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Марҳабо қудратова сазовори ҷойи аввал, мураббии кӯдакистони №1-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ойтилло Тағоева ҷойи дувум ва мураббии кӯдакистони №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба ҳамаи ғолибон роҳхат ба истироҳатгоҳҳои кишвар супурда шуд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш