Нашрияи Омӯзгор

Ҳунарманд сарфароз аст

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26декабри соли 2019) қайд карданд, ки панҷ соли оянда ба масъалаи касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Дар ин замина «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» таҳия гардад. Тадбири мазкур саривақтист ва он имкон медиҳад, ки се масъалаи мубрами иҷтимоӣ-иқтисодии кишварамон ташаккул ёбад:

- якум, соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани аҳолӣ, алалхусус, ҷавонони мамлакат, омили самарабахше барои ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони ҳунарманд мегардад ва бо ин роҳ раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба бозори меҳнати давлатҳои хориҷӣ, алалхусус, Федератсияи Россия боз ҳам коҳиш меёбад;

- дуюм, ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони соҳибкасб барои баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда метавонад ва ин дар навбати худ омили муҳим барои васеъ гардидани доираи табақаҳои миёна ва осудаҳоли ҷомеаи Тоҷикистони муосир мегардад;

- сеюм, маҳсулоти рақобатпазири ҳунари дастони ашхоси воқеан ҳам соҳибкасб метавонад роҳи баромади маҳсулоти ватаниро ба бозори минтақа ва ҷаҳон васеъ намояд ва ин яке аз заминаҳои асосии вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва фарҳангии молистеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ бо шарикони мамлакатҳои наздику дур мегардад.

Иқдоми Сарвари давлат идомаи мантиқии тадбирҳо дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб меёбад. Тавре аз таҷрибаи раванди рушди ҳунарҳои мардумӣ бармеояд, дар баробари эҳё гардидану ба марҳилаи рушд ворид шудани ҳунарҳои мардумӣ заминаҳои таълимии онҳо хеле устувор гардиданд. Аз соли 2018 инҷониб ҳамасола дар марказҳои таълими калонсолони шаҳру ноҳияҳо аз  13 ҳазор нафар занону ҷавондухтарони хонашин, инчунин, ҷавонон ба омӯзиши  касбу ҳунарҳои мардумӣ аз қабили адрасбофӣ, гилембофӣ, гулдӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, заргарӣ, кулолгарй, қолинбофй, қӯроқдӯзй, сабадбофй, сӯзанидӯзй, тоқидӯзй ва ғайра фаро гирифта шуда, соҳибкасб мегарданд.

Ба андешаи мо, имрӯз марҳалае фаро расидааст, ки мақомот зимни расонидани кумакҳои молиявӣ аз тариқи пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок, бо мақсади соҳибкасб гардидани шаҳрвандон ва рушди минбаъдаи истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ доираи расонидани кумакҳои молиявиро боз ҳам васеътар намоянд.

 

Назрибек ШИРИНҶОНОВ,

омӯзгори технологияи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш