Нашрияи Омӯзгор

Муносибати босалоҳият ба таълим-гарави пешрафт

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Яке аз навгониҳои назаррасе, ки дар бахши маориф тайи солҳои охир рух додааст, роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим мебошад.

Ҷиҳатҳои мусбати ин низоми нави таълимӣ аллакай ба ҳамагон маълум аст. Бачаҳо ҳангоми гузаштани дарс бо усули мазкур эҳсоси озодӣ намуда, бештар ба дарсҳои омӯзгор таваҷҷуҳ менамоянд. Дарси салоҳиятнок агар дар синфҳои ибтидоӣ хуб ба роҳ монда шавад, он барои босавод гардидани хонанда дар ҳама зинаҳои  таълимӣ заминаи хубе мегардад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар гузаштани дарси салоҳиятнок  озодбаёнӣ ва барпо намудани баҳсҳои омӯзанда байни хонандагон мебошад. Барои  мисол, мо як соати дарси математикаро дар синфи 4-ум мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Дар китоби дарсии синфи 4-ум мисолу масъалаҳои зиёд пешниҳод мешавад. Ин мавзӯъҳои дарсиро якҷоя бо бачаҳо кор кардан ва фикру андешаи ҳар кадоми онҳоро гӯш намудан (агарчи нодуруст гуфтааст), зеҳни онҳоро такон дода, шавқашонро афзун менамояд. Ба гумони банда, яке аз ҷиҳатҳои мусбати кор ҳамин аст. Агар ин амал сурат нагирад ва ба бачаҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нагардад, хонандагонро ба сардаргумӣ мебарад ва онҳо зимни ҳалли масъалаву супоришҳо хоҳу нохоҳ ба хатоӣ роҳ медиҳанд. Аз ин рӯ, ба ин тарафи масъала диққати ҷиддӣ мебояд, то бачаҳо ба дарс бо дили гарму хотири болида пардозанд.

Омӯзгор бояд барои кор кардани як мисол нафаре аз хонандагонро интихоб кунад. Пас аз ҳал кардани мисол ё масъала ба дигарӣ фармояд, ки  хатоҳои онро пайдо кунад. Сипас, бо аҳли синф кори он ду нафарро баррасӣ намоянд. Бигзор бачаҳо озодона амали анҷомдодаи ҳамсинфашонро ҳаматарафа таҳлил кунанд, фикру андешаҳояшонро ошкоро гӯянд, камбудиҳояшро ифшо кунанд. Бачаҳо дар ин ҳолат ба баҳс ворид гардида, фаъолияти якдигарро баҳогузорӣ мекунанд. Дар натиҷа, тамоми аҳли синф бо як шавқу шӯр ба дарс, ба омӯзиш машғул мегарданд. Ба ин монанд мо метавонем аз роҳу усулҳои дигар низ дар раванди дарс истифода барем, то хонандагонро ҷиҳати аз худ кардани илму дониш шавқманд намоем. Омӯзгор ҳангоми дарс бояд зеҳни хонандагонро дар ихтиёри худ гирад ва ба шогирдон содиқона таълим диҳад ва рисолати азалии хешро сарбаландона иҷро кунад.

Сарвиноз Саидова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш