Нашрияи Омӯзгор

Кор бо матни тасвирӣ

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 1170        Шарҳ: 0

 

Кор бо матнҳои тасвирӣ аҳамияти маърифатию эстетикӣ дорад. Матни тасвирӣ барои баланд бардоштани малакаи эҷодкорӣ ва мушоҳидакории хонандагон кумак менамояд. Бинобар ин, лозим донистем, ки як намунаи нақшаи дарсиро дар мавзӯи “Кор бо матни тасвирӣ” барои синфи 6 пешниҳод намоем.

Мавзӯъ: Кор бо матни тасвирӣ

Салоҳиятҳо: Дарк ва баҳодиҳии матни тасвирӣ.

Саволҳо барои пурсиши  вазифаи  хонагӣ:

Сифат бо исм чӣ тавр алоқаманд мегардад?

Доир бо алоқаи исм бо сифат ба воситаи бандаки изофӣ мисолҳо оред.

Мисолҳоеро оред, ки исм бо сифат бе бандаки изофӣ алоқаманд шавад.

Лаҳзаи дамгирӣ. Бозии “Ту ба ман монанд ҳастӣ, барои он ки ...”.

Шарти бозӣ: Як нафар хонанда тӯбро ба нафари дигар ҳаво дода мегӯяд: “Ту ба ман монанд ҳастӣ, барои он ки пойафзоли сиёҳ дорӣ”. Ҳамин тавр, хонандагон тӯбро ба нафари дигар ҳаво дода, хусусиятҳои монандии якдигарро муайян мекунанд.

Масалан:

барои он ки қаду қомати баланд дорӣ;

барои он ки куртаи сафед дорӣ;

барои он ки хубхон ҳастӣ;

барои он ки китоб хонданро дӯст медорӣ;

барои он ки футболбозиро дӯст медорӣ;

барои он ки мӯйи сиёҳ дорӣ.....

Омӯзгор ба воситаи бозии мазкур мақсади дарсро тавзеҳ медиҳад. Дар тахтаи электронӣ номи мавзӯъ ва мақсадҳои дарс нишон дода мешавад.

Ангезиши зеҳн: Омӯзгор бо чунин саволҳо ба хонандагон муроҷиат мекунад:

Хонандагони азиз, аз бозӣ шумо чиро дарк намудед?

Шумо ҳамдигарро аз кадом ҷиҳат тасвир кардед?

Ба фикри шумо, тасвир чист?

Пас аз шунидани ҷавобҳо омӯзгор чӣ будани матни тасвирро шарҳ медиҳад: Матни тасвир, матне мебошад, ки дар он аломат ва хусусиятҳои ашё ифода меёбад. Дар чунин матнҳо ин ва ё он ашё аз ҷиҳати шакл, намуд, бӯй, маза, ранг тасвир карда мешавад.

Омӯзгор: - Ҳоло як матни  тасвириро ҳамроҳи шумо дида мебароем. (Дар тахтаи электронӣ порча аз шеъри устод Рӯдакӣ нишон дода мешавад)

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур

Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда хазиб.

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб.

Якчанд хонанда матнро ифоданок мехонанд. Омӯзгор луғатҳои порчаи шеъриро шарҳ медиҳад:

хазиб – рангин

муҷиб – ҷавобдиҳанда

сор – номи парандаи хурдҷуссаи ҳашаротхӯр; соҷ

Порчаи шеърӣ аз тахтаи электронӣ гирифта мешавад.

Омӯзгор: Хонандагони азиз,  як лаҳза чашмонатонро пӯшида, манзараи дар порчаи шеърӣ тасвирёфтаро пеши назар оред. Акнун чашмонатро кушода, ашёи пеши назаратон омадаро дар дафтар нависед.

Сипас, якчанд нафар хонанда  навиштаи худро мехонанд. (Лола, кишт, булбул, арӯс, ханда, шохсор, дарахт, сор, бед...)

Омӯзгор: Калимаҳои навиштаи шумо бо ҳамдигар чӣ муносибати маъноӣ доранд?

Хонандаи 1: Баҳорон дар кишт лола мерӯяд.

Хонандаи 2: Арӯс дастонашро бо ҳино ранг мекунад.

Хонандаи 3: Булбул ва сор дар шохаи дарахт менишинад.

Хонандаи 4: Булбул бо овози форам месарояд

Омӯзгор: Хонандагони азиз, чунин порчаи шеъриро матни тасвирӣ гуфтан мумкин аст. Адибон тасвири манзараҳои гуногунро ба воситаи сухан ифода менамоянд...

Насиба ЭРМАТОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш