Бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз якум то даҳуми январи соли равон давраҳои омӯзишӣ баргузор шуданд.
Директори марказ Тоҷиннисо Маҳмадова зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳайати кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат мекӯшанд, ки дар баробари баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ, ки аз ҳамаи фанҳои таълимӣ гузаронида мешаванд, чорабиниҳои дигари таълимиро низ ба роҳ монанд. Барои омода намудани хонандагон ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар мавсими таътилҳои тобистона, тирамоҳӣ ва зимистона пайваста курсҳои омӯзиширо ташкил мекунем, ки дар онҳо хонандагон аз шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд. Дар ин давраҳо барои мустаҳкам намудани илму дониши худ наврасоне ҷалб шудаанд, ки дар олимпиадаҳо ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ба хонандагон устодони соҳибкасбу ботаҷриба аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби медали тилло шудаанд, дарс медиҳанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хонандагон дар беҳтарин шароит дарс мехонанд, бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъминанд. Ба тарбияи ҳисси зебоипарастии донишомӯзон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Омӯзгороне, ки дар курсҳо пештар дарс медоданд, аллакай дар шаҳру ноҳияҳои худ давраҳои таълимӣ кушода, донишу таҷрибаи хешро ба шогирдон меомӯзонанд. Хонандагоне, ки аз се курси омӯзишӣ гузаштаанд, бемалол метавонанд дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муваффақона ширкат намоянд, бинобар ин, мувофиқи мақсад мебуд, агар бачахо се давраи омӯзиширо ҳатман паси сар намоянд.
Ассистенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилшод Ҳобилов гуфт, ки дар давраҳои омӯзишӣ бо Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад. Мавсуф қайд кард, ки ба бачаҳо аз фанни физика дарс мегӯям. Дарсҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мегузаранд, зеро вақте бачаҳо ба олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ мераванд, бояд бо донишҳои муосир мусаллаҳ бошанд. Инчунин, ҷиҳати омӯзиши амалии дарсҳо марказ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ ҳамкории хубро ба роҳ мондааст ва дар доираи ин ҳамкориҳо хонандагон дар ташхисгоҳҳои ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дарсҳои амалӣ низ мегузаранд. Чунки барои хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилаӣ ширкат меварзанд, муҳим аст, ки ҷиҳати амалӣ ва назарии дарсҳоро хуб аз худ карда бошанд.
Дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асадулло Шарифзода зикр намуд, ки ҳар сол бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ давраҳои махсуси омӯзишӣ гузаронида мешавад. Ҳамчун омӯзгори собиқадори математика бояд қайд кунам, ки хушбахтона, сафи бачаҳои қобилияти хуби зеҳнидошта, бачаҳое, ки ба илмҳои дақиқ майл доранд, сол ба сол зиёд меафзояд. Бинобар ин, бо дастгирии марказ аз фанни математика китоб навишта, чоп кардем, ки барои хонандагони давраҳои омӯзишӣ бисёр муҳим аст.
Чуноне ки қайд кардем, дар давраҳо хонандагон аз гӯшаву канори кишвар ба илмомӯзӣ машғул гардидаанд, ки чанде аз онҳо андешаҳо ва таассуроти худро баён доштанд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 7-и мактаби №29-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анжела Наврӯзмамадова гуфт, ки бори аввал аст, дар чунин курсҳо иштирок мекунам, вале барои худ навгониҳои зиёдеро кашф кардам. Дар олимпиадаҳо ду сол аст, ки фаъолона ширкат меварзам. Порсол дар олимпиадаи ноҳиявӣ ҷойи аввал ва дар вилоятӣ ҷойи дуюмро соҳиб гаштам. Имсол нақша дорам, ки зинаҳои баландтарро фатҳ кунам.
Хонандаи синфи 4-уми мактаби Президентии шаҳри Бустон Муҳаммадамин Юсуфов ва хонандаи синфи 5-уми ҳамин мактаб Абдурофеъ Юсуфӣ гуфтанд, ки дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд. Муҳаммадамин дар олимпиадаи фанние, ки аз 28 октябр то 5 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, аз ду фан иштирок намуда, аз математика ҷойи дуюм ва аз забони русӣ ҷойи сеюмро соҳиб гаштааст. Дар олимпиадаҳои «Кенгуру» низ фаъолона ширкат варзидааст. Абдурофеъ тайи ду сол аст, ки дар олимпиадаҳо иштирок карда, ҷойҳои гуногуни ифтихориро ба даст овардааст.
Гулиноз Нуриддинова, хонандаи синфи 8-и мактаби №46-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфт, ки бори дуюм аст, дар ин давраҳо иштирок мекунад. Қаблан дар таътили тирамоҳӣ низ ширкат карда будам. Дар ин ҷо донишҳое иловагии хуб гирифтем, ки ҳангоми иштирокамон дар олимпиадаҳо ба мо кумак мерасонанд. Дар олимпиадаҳо фаъолона ширкат мекунам, порсол то даври вилоятии озмун расидам. Имсол низ ният дорам, ҷойҳои ифтихориро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба даст биёрам.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр