Нашрияи Омӯзгор

Дафтари аттестатсионии омӯзгор зарур аст

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Аттестатсияи омӯзгорон бо мақсади арзёбӣ намудани сатҳи дониш, маҳорат, малака, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонфаҳмӣ, масъулиятнокӣ, вазифашиносӣ ва умуман, салоҳияти касбии омӯзгорон гузаронида мешавад.

Тавассути аттестатсия саъю талош, кӯшишу заҳмат, дастоварду самараи эҷодкориву навҷӯӣ ва умуман тамоми фаъолияти таълимиву тарбиявии  омӯзгор дар як давраи муайян баҳогузорӣ шуда, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ дараҷаи тахассуси касбӣ ҳам дода, ҳифзи иҷтимоии ӯ низ барқарор карда мешавад.

Омӯзгорро  ба ин раванди муҳимми баҳаракатоварандаи ташкили ҷараёни педагогӣ омода намудан, фаъолияти ӯро дар давоми се сол пурра ба назорат гирифтан,  баҳои муносиб ба ҷаҳду талошаш гузоштан, аз рӯйи натиҷаи пай дар пайи ба даст овардааш ҳавасманд гардонидан  аз роҳбарону маъмурияти муассисаи таълимӣ маҳорату малакаи мактабшиносӣ, дониши васеи аналитикии педагогиву психологӣ, таҷрибаи бойи касбиву методӣ, масъулияти баланди роҳбариву фаъолияти муназзами банақшадарориро талаб мекунад.

Бо  мақсади ба низом даровардани ҳамин самти муҳимми соҳаи мактабдорӣ, инчунин, барои таҳким бахшидан ба муносибати самарабахши байни маъмурияту омӯзгор ва баҳогузорӣ намудан ба фаъолияти сесолаи ҳамаҷиҳатаи омӯзгор  ташкили “Дафтари аттестатсионии омӯзгор”, ба фикри мо, аз аҳаммият холӣ нест.

Дар “Дафтари аттестатсионии омӯзгор” ба самтҳои асосии ҳар як фаъолияти омӯзгор, ки аз он сифати таълиму тарбия вобаста аст,  дар давоми се сол баҳои мушаххас гузошта мешавад. Инчунин, дар дафтар қисматҳои “Иштироки директори муассиса ба дарс” (дар давоми сол ду маротиба бо гузоштани то 100 хол ба ҳар дарс, ки дар се сол шаш маротиба мешавад, яъне 12 саҳифа), “Иштироки ҷонишини директор оид ба таълим ба дарс” (дар давоми сол чор маротиба бо гузоштани то 100 хол ба ҳар дарс, ки дар се сол дувоздаҳ маротиба мешавад, 24 саҳ.),   “Иштироки ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ба чорабинии беруназсинфӣ ё тарбиявӣ” (дар давоми сол ду маротиба бо гузоштани соати тарбиявӣ то 100 хол ва ба чорабинии беруназсинфӣ то 50 хол, ки дар се сол шаш маротиба мешавад, 6 саҳ.),  “Иштироки шогирдон дар олимпиадаҳои фаннию озмуну мусобиқаҳои гуногун” (сатҳи байналмилалӣ бо назардошти ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ  то 1000 хол, сатҳи ҷумҳуриявӣ то 500 хол, сатҳи вилоятӣ то 300 хол, сатҳи шаҳрӣ то 100 хол ба ҳар як шогирд, 1 саҳ.), “Иштироки омӯзгор дар озмуну мусобиқаҳои соҳавию варзишӣ” (сатҳи муассисавӣ, бо назардошти гирифтани Дипломи дараҷаи 1, 2, 3 то 100 хол, сатҳи шаҳрӣ то 300 хол, сатҳи вилоятӣ то 500 хол, сатҳи ҷумҳуриявӣ то 1000 хол, сатҳи байналмилалӣ то 2000 хол, 1саҳ.), “Дараҷаи донишазхудкунии хонандагон ва сатҳи сифатнокии таълим аз рӯи корҳои санҷишии маъмурию назоратӣ ва баҳоҳои аттестатсияи хонандагон”( мувофиқи фоизи азхудкунии дониш ва сифатнокӣ, агар дараҷаи донишазхудкунӣ ва сифатнокии таълим  75% бошад 75 хол,  яъне то 100 хол, 1 саҳ.)”, «Навиштан ва чопи мақолаҳои илмию методӣ дар ҳафтаномаю маҷаллаҳои соҳавӣ” ( сатҳи ҷумҳуриявӣ то 300 хол, сатҳи вилоятӣ то 150 хол, сатҳи шаҳрӣ то 50 хол ба истиснои  хабару мақолаҳои ғайрисоҳавӣ, 1 саҳ. албатта, бо нишон додани номи мақола, соли чоп, рақаму санаи ҳафтанома ё маҷалла), “Баромадҳо дар шӯрои педагогӣ, шӯрои методӣ, конференсияву семинарҳои омӯзишӣ” (бо назардошти то кадом андоза  муҳим будани проблема ва нишон додани роҳҳои ҳалли он то 50 хол, 1 саҳ.), “Рӯихати китобҳои илмӣ ва маводи таълимию методии аз тарафи омӯзгор дар ҳамин давр хондашуда”  (ба истиснои он китобҳои таълимие, ки омӯзгор дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ омӯхтааст, ба ҳар як китоби хондашуда то 30 хол, 1 саҳ.), “Рӯихати китобҳои бадеие, ки омӯзгор дар ин давра хондааст” (омӯзгор бояд дар давоми сол ақалан як асари калонҳаҷми шоир ё нависандаи адабиёти классикии тоҷик, як асари калонҳаҷми шоир ё нависандаи муосири тоҷик, як асари калонҳаҷми нависандаи хориҷиро хонад, ба ҳар як китоби хондашуда то 30 хол, 1саҳ. ), “ Рӯйихати санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие,ки омӯзгор дар ин давра омӯхтааст” ( ба ҳар як санаду ҳуҷҷати омӯхташуда то 10 хол,1 саҳ.), “Иштироки омӯзгор дар дарсҳои байниҳамдигарӣ” (омӯзгор бояд дар давоми соли таҳсил ақалан ба 20 дарси дигар омӯзгорон иштирок намояд, ба ҳар дарси иштирокнамуда 10 хол, 3 саҳ), “Ҳамкорӣ бо падару модари хонанда” (бо нишон додани намуди ҳамкорӣ: ташкил ва гузаронидани маҷлисҳои падару модари хонандагони синф, ба ҳар як маҷлис то10 хол, даъват намудани падару модари хонандагон ба дарс, бо иштироки падару модарон гузаронидани чорабиниҳои тарбиявию беруназсинфӣ то 10 хол, барқарор кардани алоқа тавассути шабакаи Интернет бо назардошти самарадеҳии он то 100 хол,1 саҳ. ) ҷо дода шудааст. Умуман, ин дафтарро дар ҳаҷми 30-35 варақи чопӣ ташкил намудан мумкин асту қайди баъзе саҳифаҳо ба зиммаи котиби комиссияи аттестатсионии муассиса,  баъзе саҳифаҳо ба зиммаи худи омӯзгор вогузошта шавад, боз беҳтар аст.

Агар ба “Дафтари аттестатсионии омӯзгор” се варақаи ҷавобҳои омӯзгор ба саволҳои тестии Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон дар чанд вариант оид ба мавзӯи “Доир ба омӯзиши санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф”, “Доир ба педагогикаю  психология” ва “Доир ба ҳифзи меҳнат, ҳифзи саломатии хонандагон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ”, ҷамъулҷамъ, дар доираи 60-70 савол омода намуда, ки дар вақти гузаронидани аттестатсия аз тарафи комиссияи аттестатсионии сатҳи шаҳрӣ  гирифта мешавад, алоҳида замима карда шуда, холи ҷавобҳои дуруст ба ҷамъи холҳои умумии омӯзгор зам карда шавад, мувофиқи матлаб аст.           

 

А.Асадуллоев,

директори литсейи №6-и шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш