Нашрияи Омӯзгор

 «Сини салом»-и Фарзона

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Ба қавли донишманди афғонистонӣ Партав Нодирӣ, «Фарзонаи Хуҷандӣ як шоираи номвар, хушқареҳа, хушбаён ва зебокаломи  Тоҷикистон  ва насли нав аст».

Ӯ нахустин маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Тулӯи хандарез” соли 1987 бо пешниҳоди устод Лоиқ Шералӣ ба нашр расонида буд. То кунун беш аз бист китоби ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фарзона, аз ҷумла, “қатрае аз Мӯлиён” (дар 3 ҷилд), “Муҳри гули мино”, “Себарга”, “Девон”, “Ҳама гул, ҳама тарона”  (дар ду ҷилд),  баргузидаи ашъораш (дар 4 ҷилд) ба ҳуруфи форсӣ ва гулчини ашъораш ба забонҳои англисиву русӣ дар Маскаву Лондон мунташир шудаанд.

Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд гулчини нави ашъори ӯ  бо номи «Сини салом» ба нашр расид. Ин китоб бо ҷиду ҷаҳди узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири ҷавону умедбахш Насимбек Қурбонзода мураттаб гардида, ки  беҳтарин намунаҳои ашъори шоира дар панҷ бахш «Анори ёсин», «Атсаи гул», «Чаҳ-чаҳи гули сурх», «Садбарги гӯё», «Гули зардолу мерезад» гирд омадаанд. Бояд гуфт, ки Фарзона аз зумраи адибони ҳунарманду хушсалиқаву пурдониши замони мост ва аз байни осори фаровони ӯ, ки яке беҳтар аз дигар аст,  гулчин намудани ашъораш кори хеле заҳматталаб мебошад. Мураттиб, ки худ шоиру муҳаққиқи пуркор аст, кӯшидааст дар  маҷмӯаи «Сини салом» аз осори шоира намунаҳоеро интихоб кунад, ки ҳам аз лиҳози шакл ва ҳам аз лиҳози маънӣ наву тоза ва комилу барҷаста бошанд.                                                  

Фарзона дар мавзӯи Афғонистон низ шеърҳои зиёд сурудааст ва бо доираҳои адабиву фарҳангии ин кишвар иртибот дорад. Ӯ  ба умеди ба эътидол омадани авзоъ дар Афғонистон ва барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвари бо Тоҷикистон дӯст ва ҳамсоя шеърҳо гуфтааст.  Боиси хушнудист, ки ба қарибӣ Фарзона барандаи  ҷоизаи адабии бисёр муътабар ва бонуфузи Афғонистон «Килки заррин» барои соли 2018 гардид.

 

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш