Нашрияи Омӯзгор

Нақши китоб ва бунёди оилаи солим

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Халқи тоҷик аз замони қадим ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса доранд. Аз он давра ёдгориҳои хаттӣ ба мисли “Авесто”, “Дарахти ассурик” боқӣ мондааст.

Дар замони салтанати Сомониён бошад, барои рушду мақоми сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи “Ганҷинаи ҳикмат” амал мекард. Имрӯз низ бо ташаббуси маорифпарварони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари Китобхонаи миллии кишварамон, ки  дар он ҳамаи шароит муҳайёст, ба рӯи дӯстдорони китоб ҳамеша боз аст. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавиро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ “Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст”.

Китоб ҳамчун чашмаи донишу маърифат дар тарғиби мероси гузаштагони мо нақши мондагор дорад.  Бинобар ин, ҳар сол 4-уми сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи китоб таҷлил мегардад, ки ин ба насли наврас ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ  таъсири мусбат  мерасонад. Ҳамчунин, баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ ...” бо Амри Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  такони ҷиддиеро ба бор овард. Тамоми қишри ҷомеа рӯ ба китобхонӣ оварданд, ки ин албатта дар маърифатнокии ҷомеа  бе таъсир намемонад.  Тавре мегӯянд, нону китоб дар қурбу қимат баробари ҳаманд, аввалин ғизои маънавӣ медиҳад, дувумин ғизои тану ҷонро таъмин менамояд. Маҳз тавассути китоб инсон метавонад оилаи солимро бунёд кунад. Дар оилае, ки китобхонӣ арзиш дорад, фарзандон бомаърифату доно ба воя мерасанд. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона аст, пас бояд кӯшиш намоем, ки ҳар як оила барои наслҳо маърифати китобхониро биомӯзанд, то ки оянда дар ҷомеа мавқеи худро дарёбанд ва барои таҳкими давлати соҳибистиқлоламон корҳои арзандаро ба сомон бирасонанд. Зеро инсон танҳо тавассути китоб метавонад ба қуллаи мурод бирасад.

 

Маҳдия Ёрова,

Нарзигул Розиқова,

омӯзгорони мактаби №94-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш