Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, сӯиқасд ба ҳаёти шахсиятҳои варзида, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ифротгароии динӣ амалҳои ношоиставу пурзиёне, ки тахрибкорон ниқоби дин ба рӯ кашида, иҷро менамоянд. Ин гуна амалҳо ба зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, барангехтани душманӣ ва бадбинӣ байни мардум равона карда шудааст. Дар марҳилаи ҳозир яке аз ҳадафҳои асосии ифротиён барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат мебошад. Террористон ҳаргиз меҳнат ва эҷод намекунанд, балки дар паноҳи хоҷагони тамаъҷӯяшон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобкориро пеша месозанд. Дар зериши шиори бофта ва хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба онҳо бештар ҷавононро ба ифротгароӣ ва таҳрибкорӣ даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» тавзеҳ мебахшанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, нуфузу дастовардҳои аҳли ҷомеаи мутамаддинро паст зананд, супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро менамоянд. Ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро пос доштан ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедори ҷомеа ба худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавию фарҳангии он шахсро фориғболу бегонапарасту қадрношинос мекунад. Нақши фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ ва арзишҳои фарҳангию маънавии миллатро фалаҷ месозанд, баъдан байни ҳамагон тухми нобоварӣ ва зиддият кошта, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Ба пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб сатҳи пасти зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва омилҳои худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас боис мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан хеле муҳим мебошад. Бинобар ин, мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳмгузор бошем.
Саида ИМОМНАЗАРОВА,
мактаби №58-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр