Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистони озоди мо

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Суруди миллӣ ифтихори мо, тоҷикон, буда, рамзи давлати Тоҷикистон, истиқлолият, ягонагию дӯстӣ ва бародарии халқҳои Ватанамон маҳсуб меёбад. Дар Суруди  миллӣ муҳаббат ба Ватан, орзую омоли халқи тоҷик, гузаштаю имрӯзи пурифтихори он, тайёр будан ба худфидоӣ баҳри ҳифзи кишвар, мусоидат намудан  ба гул-гулшукуфии он ифода ёфтааст.

Суруди миллии мо аз се банд  ва як байти нақарот иборат аст.

Дар се мисраи аввали банди якум:

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти  мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

орзую омоли халқ ифода гаридааст. Ҳар як сокини Тоҷикистон таманно ва орзу  дорад, ки кишвари азизаш ҳамеша тинҷу ором, мардумонаш соҳиби илму дониш,  хурраму  хушбахт ва  сарбаланд бошанд.

Мисраи чоруми банди якум - «Зи дурии  замонаҳо расидаем» ишора ба таърихи кӯҳан доштани  миллати тоҷик ва барои озодию  истиқлолияти кишвар ҷонбозиҳо кардани гузаштагонамон мебошад.

Мисраи панҷуми банди аввал «Ба зери  парчами ту саф кашидаем» таъкид бар он аст, ки Парчам рамзи давлатдорӣ ва мубориза  барои пойдорию ҳастии миллат маҳсуб меёбад.

Дар мисраи аввали банди дуюм «Барои нангу номи мо» гӯшзад  мегардад, ки халқи тоҷик аз насли ориёӣ аст. 

Мисраи дуюми банди дуюм «Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ» маънои онро дорад, ки гузаштагонамон ба мо мероси бузурге гузоштаанд. Тоҷикистони имрӯза нишонае аз ҳамон давраи давлатдории дерини тоҷикон мебошад.

Мисраи сеюми банди дуюм «Ту  баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ» мақсади ҳар як Тоҷикистониро ифода мекунад. Мо мехоҳем, ки Тоҷикистонро дар қатори  мамлакатҳои мутамаддини ҷаҳон бинем.

Мисраи дигар «Хазон намерасад ба навбаҳори ту» маънои онро дорад, ки агар мо мардуми бонангу баномус бошем, кишварро бояд бо меҳнати ҳалоли худ тараққӣ диҳем, ҳар як гӯшаю канори онро чун фасли баҳори нозанин сарсабзу хуррам намуда, муттаҳид бошем.

Мисраи панҷуми банди дуюм «Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту» ифодагари он аст, ки барои миллионҳо тоҷикон низ,  ки берун аз марзи Тоҷикистон зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Тоҷикистон Ватани аҷдодӣ мебошад. Тоҷикистон барои ҳар як тоҷик мисоли модар аст.

Банди сеюми суруд: «Ту модари ягонаӣ». Барои ҳар як фарзанд модар якто мебошад, Ватан низ ягона аст. Фарзанд дар куҷое зиндагӣ кунад, бояд, пеш аз ҳама, Ватани худ,модар ва забони модарии худро фаромӯш накунад,бахти ҳар як фард озодии Ватанаш аст.

Мисраи дуюми банди сеюм «Бақои ту бувад бақои хонадони мо»   маънои сулҳу ваҳдатро хостану муҳофизи он буданро дорад.

Мисраи охирини банди сеюм «Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост» маънои онро дорад, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва давлати мустақил гардиданаш Тоҷикистонро аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Тоҷикистон имрӯз бо мамлакатҳои ҷаҳон муносибати дӯстӣ, фарҳангӣ, илмию тиҷоратӣ дорад.

Хулоса, ҳар як мисраи Суруди миллӣ    пурмазмун буда, сиришту симои тоҷикон ва зебоию дороиҳои кишвари сарсабзамонро тараннум мекунад…

Аҳли таълимгоҳи (мактаби №35-и пойтахт) мо ҳам ба иқдоми пешгирифтаи муассисаҳои таълимии ВМКБ пайравӣ намуда, ҳамарӯза дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва зимни оғози дарсҳои аввали Суруди  миллиро ботантана тараннум мекунанд.

Муҳаррама Худойдодова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш