Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) тамоми паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.  Хурсандибахш аст, ки соҳаи маориф дар Паёмҳои Пешвои миллат ҳамеша афзалият дошта, зимни онҳо вазифаҳои мушаххас баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим пешниҳод карда мешаванд. Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд». Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби Пешвои миллат “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Дарвоқеъ, ташаббуси мазкур шоистаи дастгирист ва омӯзиши васеи ин гурӯҳи фанҳо дар рушди босуботи иқтисоди кишварамон нақши муассир мегузорад. Зеро кашфиёту пажӯҳишҳое, ки дар ин замина ба вуҷуд меоянд,  дар муаррифии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ муҳиманд. Бинобар ин, омӯзиши ин  фанҳо бояд дар синфҳои поёнӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ин аз омӯзгор маҳорату лаёқати бештарро талаб мекунад. Агар омӯзгор  тавонад дар хурдӣ ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шавқу рағбати хонандагонро бедор намояд, таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши ин фанҳо зиёд мегардад.

Мутаассифона, аз қабули довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки дар кластери илмҳои техникиву дақиқ довталаб хеле кам аст. Ин воқеан, ташвишовар аст. Бояд, пеш аз ҳама, мо тафаккури техникии хонандагонро тақвият бахшем, зеро ин омил имкон медиҳад, ки иқтисоди кишварамон ба таври густурда ҷараён ёбад ва зиндагии мардум аз ин ҳам хубтар гардад.

Дигар масаъали ташвишовар,  таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ  маҳсуб меёбад, ки дар Паём  ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Чунки омӯзиши илмҳои дақиқ бе гузаронидани озмоишҳо самараовар нахоҳад буд.

Аз ин рӯ, мо-омӯзгоронро мебояд  дар омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем  ва баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ҳамвора талош намоем.

Умедахон РАСУЛОВА,

омӯзгори математика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш