Халқи тоҷик табиатан майлу рағбат ва эҳтиром ба китоб дорад. Барои тоҷикон китоб дар қатори муқаддасоти зиндагист ва арҷ гузоштану азиз нигоҳ доштани он ҳатмӣ мебошад.
Аз қадим дар ҳар як хонадони ин халқи маърифатпарвар ҳамчун рамзи эътиқод ва бузургдошт ҳадди ақал се-чор китоб мавҷуд будаасту ҳифз мешудааст. Имрӯз низ тоҷикон дар қатори халқҳои соҳибтамаддун ва маънавиятбунёд қарор доранд. Ин нукта дар Паёми навини Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид гардид. Сарвари кишвар бо самимият ва бо эҳтирому эътиқод дар бораи китоб, китобхонӣ ва дӯст доштани китоб сухан гуфтанд. Бисёр рамзиву ифтихорбарангез ва боиси ибрат аст, ки Президенти мамлакат ин қадар арҷгузорӣ ба китоб мекунанду дар ситоишу бузургдошти он аз самими дил, бо эҳтироми баланд беҳтарин алфозро ба забон меоранд. Воқеан, Сарвари кишвари мо бори аввал нест, ки ин қадар бо эҳтиром дар бораи китоб ҳарф мезананду ҳамагонро ба китобхонӣ талқин менамоянд. Маълум, ки Пешвои миллат худ доираи васеи мутолиа доранд. Китобҳое, ки Сарвари кишварамон иншо намудаанд, зуд оммавият пайдо карданд ва хонандагони зиёд онҳоро ботакрор ба даст мегиранду варақ мезананд, меомӯзанд. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки имрӯз китобҳои Пешвои миллат, аз ҷумла, «Аз Ориён то Сомониён», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» ва «Уфуқҳои истиқлол» дар шумораи серхонандатарин китобҳои аҳли кишвар қарор доранд ва пеш аз ҳама, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватанпарварии ҳамагонро тақвият мебахшанд. Пешвои миллат дар Паёмашон изҳор доштанд, ки «ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд». Президенти муҳтарамамон дастур доданд, ки ҳар як сокини кишвар дар давоми як сол бояд на камтар аз панҷ китоб мутолиа намояд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавият ва густариши доираи ҷаҳонбинии ҳамагонист. Воқеан ҳам, бо китоб унс гирифтан, пайваста китоб хондан касро пешраву муваффақ, оқилу доно ва хушгуфтору хушрафтор мекунад, ҷодаҳои имрӯзу фардои зиндагиашро мунаввар месозад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...», ки бо ибтикори Сарвари кишвар роҳандозӣ гардиду боиси мавқеи бавусъат пайдо кардани китоб дар байни аҳолии мамлакат шуд, инак, боз ҳам бо дастури Пешвои миллат ҳукми анъанаро гирифт. Яъне аз ин ба баъд озмуни мазкур дар Тоҷикистон байни хурду калон ҳамасола баргузор карда мешавад.
Пешвои миллат аз он барҳақ изҳори нигаронӣ карданд, ки дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам ба қадри зарурӣ китоб ба нашр намерасад ва қисме аз китобҳо дар анборҳои нашриётҳо солҳо боз бе харидор мондаанд. Акнун ниҳодҳои дахлдор вобаста ба ин масъала тадбирандешӣ мекунанд…
Китоб неруи маънавии ҳар як халқ аст ва аз ин рӯ, месазад, ки онро ҳар чӣ бештар арҷгузорӣ намоем.
Соҳибдавлат Имомназарова,
омӯзгори биология
Иловакунӣ
Иловакунии фикр