Нашрияи Омӯзгор

Нишоне аз тамаддуни тоҷикон

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Саразм яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқиро доро мебошад. Мавзеи Саразмро соли 1976 олим ва бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов кашф намудааст. Саразм аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далели рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад ва соли 2010 дар рӯйхати ёдгориҳои таърихии ҷаҳонии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд.

Саразм шаҳри асри биринҷӣ (ҳазораи IV – II то милод) буда, 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ аст. Масоҳаташ 90 – 100 гектарро ташкил медиҳад. То соли 1985 бостоншиносони тоҷик 4 бино ва 10 хандақи Саразмро ошкор намуданд. Масоҳати бинои аввал 180 метри мураббаъ буда, аз 7 хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 метри мураббаъ масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад ва девораш похсагин аст. Масоҳати бинои сеюм 350 метри мураббаъ буда, 13 хона дорад.

Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯ ҷой гирифтани даромадгоҳҳо, се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯи нақшаи махсус сохта шудааст.

Деворҳои бино 35 – 75 сантиметр ғафсӣ доранд, ки осори онҳо то замони мо омада расидааст. Дар ҳавлӣ танӯру оташдон сохтаанд. Ҳавлиҳо дорои партовгоҳ буда, аз дохили онҳо асбоби рӯзгор ва осори фарҳангӣ ёфт шуданд. Бинои чаҳорум 18 хонаро дар бар гирифта ва дар ин қисмат ибодатгоҳ кашф гардид.

Аҳолии Саразм асосан бо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул будаанд. Мис ва қалъагиро ба ҳам даромехта, табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд. Кулолони Саразм коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, бо рангҳои сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд.

Бо мақсади рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвар ва ҷалби сармояҳо дар зерсохтори сайёҳӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021- ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар ин раванд ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил додани онҳо мақсади муҳими ҷомеа мебошад.

Ҳамчунин, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН дар Паёми навбатӣ (26-уми декабри соли 2019) вобаста ба ин мавзӯъ чунин ибрози ақида намуданд: «Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».

Боиси сарфарозист, ки ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои Сарвари давлат қарор дошта, маҳз бо талошҳои ин шахсияти бузург мавзеъҳои таърихӣ диққати олимон ва сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудаанд.

Мария ОДИНАЕВА,

омӯзгори мактаби №14,

шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш