Нашрияи Омӯзгор

Ҳидоятҳои Мавлонои Балхӣ

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» соли дуюм аст, ки нашри китобҳоро аз силсилаи «Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон» ба роҳ мондааст.

Қаблан аз ин силсила китобҳои нависандаи турк, барандаи Ҷоизаи нобелӣ дар соҳаи адабиёт Орҳан Памук «Номи ман Сурх аст» ва адиби маъруфи рус Л.Н.Толстой «Маҳкуми бегуноҳ» чоп шуда буданд. Ҳамакнун китоби сеюм аз ин силсила бо номи «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ» пешниҳоди хонандагони маърифатпарвари тоҷик гардид. Муаллифи китоб донишманди эронӣ Алии Шервонӣ буда, бо гузиниш, тасҳеҳ ва пешгуфтори номзади илми филология Шодӣ Шокирзода ба зевари табъ ороста шудааст.

Дар ин китоб достонҳое, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо зарофати табъи бемонандаш дар асари монданӣ ва хондании «Маснавии маънавӣ» овардааст, бо баёни содаву зудёб гузариш шудааст, то ҷавонони адабдӯст битавонанд бад-ин васила вориди дунёи маснавӣ шаванд, ҳикоятҳои онро биёмӯзанд ва аз ҳидоятҳои он баҳраманд гарданд. Дар пешгуфтори муфассали мураттиб Шодӣ Шокирзода «Хуршеди маърифат» зиндагинома, шахсият, хонавода ва фарзандон, осори Ҷалолуддини Балхӣ, баъзе вежагиҳои хоси асари машҳури «Маснавии маънавӣ», таърихчаи нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон, ҳидоятҳои мутафаккир баҳри беҳсозии авзои ҷомеа, ҳадафи таҳия ва нашри китоби «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ»  ба гунаи саҳеҳ бозгӯ шудаанд. Бояд гуфт, ки китоби мазкур аз ин пеш ду маротиба (солҳои 2011, 2012) чоп шуда буд ва умед мекунем, ки нашри сеюми такмилёфтаи ин асари пурарзиш низ аз ҷониби хонандагони нуктасанҷ бо хушнудӣ истиқбол мешавад.

Соли 2007 ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабонро дар хусуси таҷлили 800-мин солгарди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пазируфт ва ба ин муносибат дар аксари давлатҳои ҷаҳон маҳфилу чорабиниҳои хотирмон сурат гирифтанд. Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он 90 донишманди хориҷӣ аз 29 кишвари дунё ширкат ва суханронӣ намуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҷумҳурӣ 30 –юми сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷаш гирифта мешавад. Китоби «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ» бо истиқбол ва ҷонибдории амиқ аз тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳамасола дар таърихи 30-юми сетнтябр ҷашн гирифтани Рӯзи Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ дар кишвари азизамон таҳия гардид. Китоби мазкур қадами муҳимме барои ошно шудани донишандӯзони ҷавон бо мероси яке аз чеҳраҳои мондагори фарҳанги ин марзу бум Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳисоб меравад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш