Нашрияи Омӯзгор

Паём – инъикосгари фардои миллат

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

 

Мо, омӯзгорон, пас аз омӯзиши Паёмҳои Сарвари давлат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  мамлакат ба хулосае расидем, ки ҷумҳурии мо сол то сол рушду тараққӣ карда, қариб дар кулли соҳаҳои ҷомеа  дастовардҳои назаррасро соҳиб мегардад.

Дар Паём чун пештара  ба масъалаи  мактабу маориф низ диққати ҷиддӣ зоҳир гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми зиёиён, аз ҷумла,  омӯзгорон  зиёд аст, зеро бе азхуд кардани илму донишҳои замонавӣ наметавон аз хусуси комёбиву пешрафт ҳарф зад. Албатта, илму дониш аз омӯзиш, хондани китоб сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар  роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.

Пешвои миллат Ҳукумати кишварро супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи  пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Чунин иқдоми ҷавонмардона  омӯзгорони муассисаи мо, бахусус, омӯзгорони  таърихро ба ваҷд овард. Дар ҳақиқат, омӯхтани гузаштаи халқи худ аз бузургтарин хислати ҳар як шахси соҳибватан бояд бошад. 

Модом ки халқи олам ҷумҳурии моро ба расмият шинохтаву бо мо дар масъалаҳои гуногун ҳамкориҳои  мунтазам барпо мекунанд,  мо, сокинони кишвар вазифадорем, ки таърихи халқи худро донем, мероси фарҳангиву таърихии миллатамонро  ҳифз намоем. Дар робита ба ин, соли ҷорӣ дар мамлакат ду санаи муҳими таърихӣ - 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири шаҳири тоҷик Камоли Хуҷандӣ барпо мешавад, ки ин боз ҳам аз халқи мутамаддин будани мо, тоҷикон,  дарак медиҳад. Ҳамин таърихи пурғановати халқамон аст, ки моро ҷаҳониён хуб мешиносанду эҳтиром мегузоранд.

Бо назардошти ин нукта, Президенти  мамлакат дар Паём таъкид намуданд, ки «…олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд». Ба андешаи ман, чунин ҳушдор ба мо, омӯзгорони таърих, низ дахл дорад.  Акнун дар қатори олимону донишмандон  моро низ  мебояд, ки дар тарғиби фарҳанги куҳанбунёдамон боз ҳам заҳмат бикашем, ба таърихи гузаштаи аҷдодӣ ба тарзи нав бингарем, шогирдони шоистаи замонро дар ин самт тарбия намоем.                           

Ироят СОЛЕҲОВА,

омӯзгори таърихи гимназия – парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш