Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои пурнишоти ҷомеа

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Паёми навбатии Роҳбари давлат чун солҳои пешин фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа буда, дурнамои рушди кишварро дар тамоми самтҳо барои на танҳо  соли ҷорӣ, балки барои чанд соли дигар низ муайян менамояд.

Дар Паём дар баробари  масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ба вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа ва  таъмини амнияту осоиштагии ҷумҳуриамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бахусус, ба масъалаи мактабу маориф андешаҳои боэътимоду хурсандибахш гуфта шуданд, ки он ба мо, аҳли маориф,  низ   рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд.

Аз раванди имтиҳоноти нимсолаи соли хониши 2019 – 2020 маълум гардида истодааст, ки аксари донишҷӯёнамон нимсоларо бо баҳои сазовор ҷамъбаст менамоянд. Хурсандиовар он аст, ки дониши шогирдон сол то сол беҳтар гардида, нисбат ба солҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Ҳатто як қисми онҳо ҷасурона ба навиштани корҳои илмӣ даст зада истодаанд, ки ин боиси болидарӯҳии мо, устодон, аст. Қисми дигари донишҷӯёни фаъ-оламон таҳсилро дар муассисаҳои хориҷ аз кишвар  идома  доданианд. Фикр  мекунам, ин талаби айём ҳам ҳаст. Зеро имрӯз вақти он расидааст, ки Тоҷикистони маҳбубамонро ба дигар давлату  халқиятҳо дар қатори дигар соҳаҳо,  дар самти маорифу илм низ муаррифӣ намоем.

Ба мушоҳида мерасад, ки муқаддимаи  Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба таври гуногун аст. Агар соли гузашта он   ба масоили байналхалқӣ марбут буд, пас он имсол аз таваҷҷуҳ ба масъалаҳои  иқтисодӣ  шурӯъ гардид. Воқеан ҳам, иқтисод аз масъалаҳои хеле муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Ба таври дигар гӯем агар, ҳамаи комёбиву пешрафти ҷомеа ба рушду нумуи иқтисодиёти ин ё он давлат  иртиботманд  аст. Чунонки роҳбари давлат қайд намуданд, «дар ҳафт соли охир рушди  иқтисодиёти  кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин  гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45, 6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет  қариб ду  баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд». Албатта, чунин тағйироти куллӣ дар иқтисодиёти мамлакат  ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, ба соҳаи маориф  низ  мусоидат менамояд. Рушди иқтисодиёти ватанӣ, ҳамчунин,  имкон медиҳад, ки шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолият доранд, коҳиш ёфта, дар дохили мамлакат ҷойҳои корӣ бунёд ёбанд.

Ин пешниҳоди Роҳбари давлат басо саривақтӣ ва зарурӣ буда, омӯзгорони ин фанҳоро  бештар водор менамояд, ки ба инкишофи ин фанҳо боз ҳам ҷиддитар аҳамият диҳанд.

Умуман, ҳар як нуктаи Паём омӯзандаву пурманфиат буда, он роҳнамои ҳар як сокини мамлакат мебошад. Танҳо дар сурати иҷрои нуктаҳои он аз ҷониби дастандаркорони  соҳаҳо метавон ба комёбиҳои зиёди беназир ноил гардид.             

 

Ҷаъфар  ҚОДИРОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии

молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш