Ба хотири ёдбуди устоди зиндаёд, муаллими химия Лутфалӣ Сабзалиев аҳли оила ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ олимпиадаи химикони наврасро баргузор намуданд. Дар олимпиада 30 нафар хонандаи синфҳои 8 ва 9 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактаби Президентӣ ва литсейи Оғохон аз рӯи панҷ масъала ва 25 тести фанни химия сабқат намуданд. Натиҷаи олимпиада дар ҳузури аҳли маорифи шаҳр, хешу табор ва ҳамкорони марҳум натиҷагирӣ шуда, баъдан очерки видеоӣ аз ҳаёт ва фаъолияти муаллими химия Лутфалӣ Сабзалиев намоиш дода шуд.
Зикр шуд, ки Лутфалӣ Сабзалиев 47 соли умри бобаракаташро маҳз ба таълими ин фан дар яке аз таълимгоҳҳои номдори кишвар, мактаби рақами 3-и шаҳри Хоруғ сарф намуда, як қатор дастпарварони муаллим аз пайи касби устод шуда, чанд тани онҳо соҳиби унвони илмии ин соҳа гардиданд.
Зикри хайри Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордени “Дӯстӣ” Лутфалӣ Сабзалиев ба яке аз чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ табдил ёфт.
Дар фарҷом ғолибони озмун аз ҷониби раёсати маорифи вилоят ва фарзандони соҳибҷашн бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҷ. Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр