Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббат ба забони модарӣ

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар вуҷуди хонандагони дабистон бедор намудан ва тақвият бахшидани ҳисси эҳтиром ба забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаву уҳдадориҳои ҳар  омӯзгор аст.

Аз таҷрибаи омӯзгории хеш, ки бештар бо таълиму тадриси хонандагони синфҳои ибтидоӣ алоқаманд аст, чунин хулоса менамоям, ки яке аз зинаҳои муҳими ташаккули эҳсоси муҳаббат ба забони модарӣ ва дарки масъулият дар риояи меъёру қонуниятҳои талаффузу навишти ҳарфу ҳиҷо, калимаву ибора ва  ҷумлаҳои он аз омӯзиши «Алифбо» ибтидо  мегирад. Хонанда аз соли аввали қадам гузоштан ба остонаи мактаб ва ворид шудан ба олами маънавиёту дониши бепоён, қабл аз ҳама, ҳарфҳои алифборо аз бар намуда, таҳти таъсири шевогиву ҷозибаи забони тоҷикӣ ба ин лафзи хушоҳангу шоирона дилбастагии бардавом пайдо менамояд. Вақте хонандаи соли аввали дабистон ҳарфҳоро шинохта, ҳиҷоҳоро бо ҳам пайванд дода, калимаи бутунро такаллум мекунад, аз чунин пешрафти гуворо дар ҷодаи забондонӣ вуҷуди ӯро ду эҳсоси саршор фаро мегирад: аввалин аз дастёбӣ ба хониши ҳиҷо  ҳисси хушҳолии физоянда то дер ӯро тарк накарда, то хатми «Алифбо» пойдор хоҳад монд, аз ин муваффақияти худ соли аввали таҳсил ифтихор менамояд.

Дар ҳамин марҳилаи муҳим мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки аз як ҷониб, тарзи дурусти талаффузи ҳарфу ҳиҷо ва калимаҳоро ба шогирдони синфи якум омӯзонем, то дар риояи дақиқи нозукиҳо ва хусусиятҳои забони модарӣ аз хурдсолӣ масъулият ҳис намоянд ва аз ҷониби дигар, ҳамчун аҳли маорифи ватандӯст бояд талош намоем, ки сабақгирандагони соли аввали мактаб ҳиссиёти дӯст доштан, муқаддас шуморидани забони давлатӣ ва эҳтиром ба онро пайдо намуда, зина ба зина такмил диҳанд.

Ба шогирдон фаҳмонидан ва таблиғ кардани поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, ҳифзи тозагиву равонии он низ бояд ҷузъи ҳамарӯзаи фаъолияти омӯзгорон бошад.

 

Гулбаҳор Раҳмонова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш