15 январи соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро расман ифтитоҳ намуданд.
Бинои нав дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур дар ҷойи бинои куҳнаву фарсуда ва якошёнаи муассисаи мазкур, ки солҳои 50 - уми қарни гузашта сохта шуда буд, қомат афрохтааст.
Иншооти чорошёнаи навбунёдро сохтмончиён замонавӣ, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд намудаанд.
Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут – 2000” - ум дар муддати як сол ва бо ҷалби беш аз 100 нафар коргарони маҳаллӣ анҷом додааст.
Бинои таълимӣ дар масоҳати 1820 метри мураббаъ бунёд шуда, он барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати умумии иншоот бо фарогирии қитъаҳои сабзкоришуда бошад, 5500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки бино аз 38 синфхона, 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, маҷлисгоҳ бо 344 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат бо имконоти таълиму тадрис дар муассисаи мазкур маълум гардид, ки синфхонаҳои фаннии он, аз ҷумла, синфхонаҳои лингафонӣ, химия, физика ва биология пурра бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар синфхонаи технологияи иттилоотӣ 30 компютер васлу насб гардидааст, ки ҳар кадоми он ба шабакаи интернет пайваст аст.
Ошхонаи муассиса, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад ва дар он бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба хонандагону омӯзгорон хизмат расонида мешавад.
Дар ошёнаи дуюми бино барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон гӯшаи шоҳмотбозӣ ва дар ошёнаи сеюм ҷиҳати тарғиби фарҳанги миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.
Ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи музкур бо 32 адад камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар як вақт имкони сабти ҳам навор ва ҳам садоро бо сифати баланд доранд, назорат карда мешавад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошад, дар доираи нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба муҳассилин ва омӯзгорон маҳсуб мешавад.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқот намуданд.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр