Нашрияи Омӯзгор

Дилафрӯз Каримова- беҳтарин омӯзгори Тоҷикистон

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

17-18 январи соли равон даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2019» баргузор гардид, ки дар он панҷ нафар довталаб аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд. Озмунро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки вазорат дар давоми сол баргузории озмунҳои зиёдеро аз фанҳои дақиқ ва табиӣ ба нақша гирифтааст. Ҳадаф аз роҳандозии озмунҳои  мазкур дарёфти омӯзгорони соҳиблаёқату касбӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ мебошад. -Дар озмун панҷ нафар довталаб аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯшон иштирок мекунанд ва лаёқату истеъдод, донишу таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ менамоянд,- гуфт муовини вазир ва афзуд: - Мо ба ҳамаи иштирокдорони озмун барору комёбиҳо таманно мекунем.

Раиси ҳайати ҳакамон, муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Абдусаттор Наҷмиддинов ҳозиринро бо шартҳои озмун шинос намуд.  Ҳамин тавр,  довталабон ба иҷрои шарти аввали озмун муаррифии таҷрибаи корӣ оғоз намуданд. Омӯзгори географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода дар хусуси фаъолияти педагогии худ маълумот дода, зикр намуд, ки  то ин дам шаш дастури методию таълимӣ доир ба тадриси  фанни география ба нашр расондааст. Мақолаҳои зиёди методии номбурда дар нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла, «Омӯзгор» ба табъ расидаанд. Довталаб дар мавзӯи «Вазъи таълиму тарбия дар солҳои соҳибистиқлолӣ» рисолати илмӣ навиштааст, ки дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Шогирдони муаллим дар олимпиадаҳои гуногун иштирок намуда, дар умум, 10 медал ба даст овардаанд.

Довталаб аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Ризоалӣ Мамадназарбеков гуфт, соли ҳафтум аст, ки  дар   таълимгоҳи мазкур ба хонандагон аз физика дарс мегӯяд.

Шогирдонаш ба донишкадаю  донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ дохил  шуда, таҳсилро муваффақона идома медиҳанд. Ба   иттилои номбурда, вай дар машғулиятҳои худ аз физика аз усулҳои хониши босифат, педагогикаи иртиботӣ, таҳқиқоту озмоиш ва  рушди тафаккури интиқодӣ истифода мекунад. Омӯзгори литсейи  ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат Соҳибзода Ҳабиба зикр намуд, ки вай иштирокчии озмунҳои минтақавии «Омӯзгори сол» аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (2 маротиба) буда, фаъолияти пурбору муассири педагогӣ дорад. Шогирдони муаллима на танҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, балки  байналмилалӣ низ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои аввал гардидаанд. Номбурда якчанд  дастуру раҳнамои таълимӣ аз фанни таърих ва ҳуқуқ таҳия ва таълиф намудааст, ки бештар ба татбиқи саволу супоришҳои тестӣ аз фанни зикршуда бахшида шудааст.

Ҳабиба таъкид  кард, ки  таҷрибаи пешқадами омӯзгори  ӯ ба ҳайси муаллими фанни    таърих  ва ҳуқуқ дар сатҳи  шаҳрию  ҷумҳуриявӣ тарғиб ва омӯзонда мешавад.

Омӯзгори мактаби байналмилалии Президентӣ аз шаҳри Душанбе Саидакрам  Раҳимов хотирнишон намуд, ки вай дар таълимгоҳ ба шогирдон аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ бо забони англисӣ дарс мегӯяд. Роҳбари  иттиҳодияи методии фанҳои таъриху ҳуқуқ дар муассиса ва дар қаламрави мактабҳои ноҳияи Сино мебошад. Мақолаҳои таълимияш  дар нашрияҳои «Омӯзгор» ва «Ҷумҳурият» чоп шудаанд. Барои хонандагон бо забони англисӣ «Барномаи таълимии фанни таърихи умумӣ (синфҳои 5-11)»- ро таҳия ва чоп  намудааст.  Мураттиби   маводи  таълимии зиёде аз фанҳои   таърих ва ҳуқуқ ба шумор меравад. Омӯзгори забони англисии литсейи физикӣ-математикии  №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз  Каримова қайд кард, ки барои гузарондани машғулиятҳо аз фанни забони англисӣ дар литсей тамоми шароити зарурӣ муҳайё шудааст.

Ба андешаи  Д.Каримова, дар таълими забони англисӣ 4 рукни асосӣ; хондан, навиштан, гуфтан ва тафоҳум (фаҳмидану дарк намудан) нақши асосӣ дорад. Мавсуф дар хусуси барномаю дастур ва маҷмӯаҳои методии хеш маълумот дода, зикр намуд, ки таҷрибаи пешқадами  педагогии вай дар мавзӯи  «Роҳҳои баланд бардоштани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони англисӣ» дар муассисаҳои таълимии ҳудуди  шаҳри Хуҷанд мавриди тарғиб ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Шарти  дувуми озмун баргузор намудани маҷлиси падару модарон ба шумор  мерафт. Дар иҷрои ин шарт довталабон аз рӯйи мавзӯъҳои  пешниҳодшуда (тариқи қуръапартоӣ) ҷалсаи падару модаронро баргузор намуда, ҳар яке саъю кӯшиш  карданд, ки дар тӯли 20 дақиқа моҳияту ҳадафи мавзӯъро таҳлилу баррасӣ ва  хулосаву натиҷагирӣ кунанд. Бояд зикр кард, ки маҷлисҳои барпонамудаи довталабон Р. Мамадназарбеков дар мавзӯъҳои «Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои ногувори он, Дилафрӯз Каримзода – «Вазифа ва уҳдадориҳои падару модар дар  тарбияи фарзанд», Ҳабиба Соҳибзода - «Чӣ тавр касби ояндаи худро интихоб намуд?», Некрӯз Турсунзода «Ғизои солим ва рушди ҷисмонии кӯдак» ва Саидакрам Раҳимов – «Дар ҷавонӣ саъй кун…» ҷолиб, пурмуҳтаво ва шавқовар буданд. Довталабон талош намуданд, ки зимни тавзеҳу тафсири масоили муҳим ба аҳамияти тарбиявии баромадҳои худ диққати зарурӣ диҳанд. Бахусус, омӯзгорон Ризоалӣ Мамадназарбеков, Ҳабиба Соҳибзода ва Некрӯз Турсунзода бо рағбат ва рӯҳияи баланд суханронӣ карда, атрофи мавзӯи матраҳшаванда бо волидон баҳсҳои пурҷӯшу хурӯшеро ба вуҷуд оварданд.

Се шарти дигари озмун (соати тарбиявӣ, ҷавоби дуруст додан ба 10 савол ва кор бо компютер ва тахтаи электронӣ) бо иҷрои шарти дувум ҳамоҳангӣ дошта, довталабон кӯшиданд то ҷое ба суолҳо посухҳои боварибахш  дода, соати  тарбиявиро вобаста ба талботи замон баргузор намоянд.

Муҳимтарину ҷолибтарин шарти озмун гузарондани  дарси таълимӣ аз рӯйи ихтисос маҳсуб меёфт.

Нахуст  довталаб Ҳабиба Соҳибзода аз шаҳри Ваҳдат  аз фанни ҳуқуқи инсон дар синфи 10 машғулият гузаронд. Яке аз дарсҳои беҳтарину муассир ва хотирмон ба ҳисоб мерафт, дарси баргузорнамудаи довталаб. Синф ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, омӯзгор бо истифода аз тахтаи электронӣ мавзӯи гузаштаро аз хонандагон пурсон гардид. Хонандагон ба пурсишҳои муаллима дар хусуси  «Ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрванд» посухҳои қаноатбахш доданд. Пурсиши вазифаи хонагӣ асосан тариқи суолҳои тестӣ баргузор карда шуд. Мавзӯи нав, ки «Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ» ном дошт, аз ҷониби довталаб бо ҳунару маҳорати баланд, дар заминаи усули муносибати босалоҳият ба таълим баён карда шуд.

Машғулияти гузарондан Ҳ.Соҳибзода бозгӯйи он буд, ки вай донишу ҷаҳонбинӣ ва маҳорати баланди педагогӣ дошта, вақтро хеле самаранок истифода  мекунад.

Машғулияти довталаб  Р.Мамадназарбеков аз ноҳияи  Рӯшон дар синфи 10 аз фанни физика низ дар сатҳи баланд гузашт. Ҷиҳати ба назар намоёни дарси довталаб аз он иборат буд, ки  вай бештар ба хонандагон такя мекард, онҳоро бо пешниҳоди варақаҳои супоришӣ ба посух додан ба суолҳо маҷбур мекард. Р.Мамадназарбеков ба алоқамандии байни фанни физика бо дигар фанҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар зимн аз навор истифода кард.

Машғулияти довталаб Некрӯз Турсунзода аз шаҳри Кӯлоб аз фанни география дар синфи 10 хотирмон буд. Номбурда дар раванди дарс аз харитаи сиёсии ҷаҳон, тахтаи электронӣ ва васоити аёнии дастисохт самаранок ва ҳадафмандона истифода намуд.

Маҳорату лаёқати довталаб Дилафрӯз Каримова аз шаҳри Хуҷанд ҳангоми баргузории машғулият аз фанни забони англисӣ назаррас буд. Дарс бо усули анъанавӣ сурат гирифта бошад ҳам, муаллима тавонист  хонандагонро таҳрик бахшад ва мавзӯи дарсро, ки «Маълумот дар бораи телевизион ва радио» дар бораи ва радио буд, хеле хуб фаҳмонда тавонист.

Дарси гузарондаи омӯзгор Саидакрам Раҳимов аз шаҳри Душанбе аз фанни таърих нозукиҳои  худро дошт. Зеро дарс бо забони англисӣ баргузор шуд ва табиист, ки довталаб ҳарчанд ҷаҳду талош намуд, ба мушкилиҳо мувоҷеҳ гардид.  Бо вуҷуди  ин, ба роҳ мондани як чунин машғулият иқдоми нахустин буда, аз ҷасорату иродаи омӯзгор шаҳодат медиҳад. Шарти дигари озмун таҳлили дарс ба шумор рафта, довталабон машғулиятҳои  гузаронидаи якдигарро баҳогузорӣ намуданд.

То андозае дар таҳлилҳои Р.Мамадназарбеков, Ҳ.Соҳибзода ва Д.Каримова машғулиятҳо баррасию баҳогузорӣ шуданд, аммо на ба таври пурра ва посухгӯ ба талаби дарси замони муосир. Камбудии асосии довталабон дар иҷрои шарти зикршуда дар он буд, ки таҳлилу муҳокимаи онҳо бештар хусусияти интиқодӣ дошта, хайрхоҳона ба назар  намерасид. Илова бар он, довталабон бо муайян кардани норасоиҳои дарси ҳамдигар, маслиҳатҳои муфиди методию амалӣ дода натавонистанд.

Ҳамин тариқ, озмун ҷамъбаст карда шуд. Дар толори ҷаласаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ин хотир маросими тантанавии супурдани мукофотҳо  ба ғолиби озмун ва иштирокдорони дигари он баргузор гардид.  Муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ аз натиҷаи  озмун иттилоъ дод.

Довталаб Дилафрӯз  Каримова, омӯзгори литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 205,1 хол ғолиби озмун  дониста шуд. Ба ғолиб дипломи махсуси вазорат, туҳфаи хотиравӣ, мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи  кормандони соҳаи маориф ва илм дар вазъияти тантанавӣ супурда шуд. Иштирокчиёни дигари озмун Ризоалӣ Мамадназарбеков, Некрӯз Турсунзода, Саидкарим Раҳимов ва Ҳабиба Соҳибзода бо туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илм, Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм мукофотонида шуда, ҳамчунин, онҳое, ки нишони «Аълочии маориф ва илм» надоштанд, бо ин нишон қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷониби иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ба ҳамаи иштирокчиёни озмун роҳхат барои табобату истироҳат дар яке аз истироҳатгоҳҳои кишвар ба таври ройгон тақдим карда шуд.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш