Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзгори деҳот»

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои беҳтарин мақолаҳо бо унвони умумии «Омӯзгори деҳот» озмун эълон мекунад.

Дар мақолаҳо инъикоси чеҳраи ҳунарӣ, ҷанбаҳою лаҳзаҳои гуногун ва саҳнаҳои ҷолиби фаъолияти омӯзгорони деҳот, мушкилот, ҳаводиси ҷолиби зиндагӣ ва шебу фарози  кору рӯзгори онҳо бояд мавқеи асосӣ дошта бошанд.

Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то 1 сентябри соли 2020 идома меёбад ва дар арафаи ҷашни Истиқлол ҷамъбаст мегардад.

Муаллифон бояд ҳар чӣ бештар аз гуфтори умумӣ ва тавсифҳои тарҷумаиҳолӣ худдорӣ намоянд.

Мукофотҳо:

Ҷойи 1 – 1600 сомонӣ;

Ҷойи 2 – 1200 сомонӣ;

Ҷойи 3 – 800 сомонӣ.

Таъкид:

Ҳаҷми мақолаҳо набояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Тimes New Roman Tj, 14 – 2 интервалӣ)  зиёд бошанд, дар акси ҳол ба озмун роҳ намеёбанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш