Нашрияи Омӯзгор

Фурӯшгоҳи нави китоб

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Соҳибкорони олиҳиммати ноҳияи Дарвоз дар ободонии маркази ноҳия саҳми муносиб мегузоранд. Чанде пеш бо ташаббуси онҳо ин ҷо фурӯшгоҳи нави китоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маъракаи ба истифода додани фурӯшгоҳ муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов зикр намуд, ки кӯдакону наврасони мо ба мутолиаи китобу маҷалла ва рӯзнома ниёз доранд.

Ин иқдоми шоиста бояд дар дигар ноҳияҳои вилоят дастгирӣ ёбад. Дар бисёр деҳаю музофоти ноҳияи вилоят майдончаҳои варзишӣ ва толорҳо сохтаву, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Инак, навбати кушодани чунин дӯконҳои китобфурӯшӣ расидааст, зеро бузургони адабиёти классику муосирамон ба мо осори мондагорро ба мерос гузоштаанд, - қайд намуд, А.Мирзонаботов.

 

Ҷ. Қозибек,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш