Марги нобаҳангом омӯзгори бебадал, мураббии варзида, инсони комилу накукор Саидҷон Восиевро аз байни мо рабуд. Агар умр бевафоӣ намекард, ҳамин моҳ шодравон 68-умин солгарди умри бобаракаташро таҷлил менамуд…
Саидҷон Восиев соли 1968 ба техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шомил гардида, тақдирашро ба соҳаи варзиш пайваст. Бо таъсиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон донишҷӯи ин мактаби олӣ гардида, соли 1977 онро хатм намуд. Шодравонро барои кор ба ин донишкада даъват намуданд.
Ва ӯ тӯли 43 сол, то вопасин рӯзҳои ҳаёташ дар ДТҶТ ба номи С.Раҳимов умри бобаракати хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон намуд. Дар кафедраи назария ва услуби гимнастика сараввал ба сифати муаллим, сипас, дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи дотсент ва мудири кафедра фаъолият дошт.
Инсони комил, донишманд ва ниҳоят ҳалолкор буд. Ба ҳамкорон, омӯзгорони ҷавон раҳнамоию ҳидоятгарӣ мекард.
Аз он қаноатманд буд, ки дар Тоҷикистон варзиш мунтазам рушд меёбад. Аз дастовардҳои шогирдонаш ифтихор мекард.
Фарзандонашон низ аз пайи падар рафта соҳаи варзишро пазируфтанд.
Дилшодҷон ва Фарҳодҷон Восиев имрӯз аз ситораҳои тобноки футболи тоҷиканд. Садҳо шогирдони устод, ки дар саҳнаи варзиш ба эътибори баланд сазовор гаштаанд, рӯҳи ӯро шод медоранд.
Хотираи неки омӯзгори бебадал, мураббии варзида, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи варзиш, инсони асил Саидҷон Восиев дар қалби ҳамкорону шогирдонаш ҷовидона боқӣ мемонад.
Рӯҳат шоду ёдат ба хайр, устоди арҷманд!
Гурӯҳи дӯстон ва шогирдон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр